Ба тавре ки муносиби Худованд рафтор намуда, аз ҳар ҷиҳат ба Ӯ писанд оед, ва дар ҳар кори нек самара диҳед, ва дар дониши Худо нашъунамо ёбед,
Нома ба Қӯлассиён 1:10
Нури рӯзона
Ба тавре ки муносиби Худованд рафтор намуда, аз ҳар ҷиҳат ба Ӯ писанд оед, ва дар ҳар кори нек самара диҳед, ва дар дониши Худо нашъунамо ёбед,
Нома ба Қӯлассиён 1:10
Пас, шуморо, эй бародарон, ба марҳамати Худо даъват менамоям, ки ҷисмҳои худро ҳамчун қурбонии зинда, муқаддас ва писандидаи Худо тақдим кунед: ибодати оқилонаи шумо ҳамин хоҳад буд; Худро ба ин дуньё ҳамшакл насозед, балки ба воситаи таҷдиди ақлатон шакли тозае ба худ бигиред, то дарк кунед, ки иродаи нек, писандида ва комили Худо чист.
Нома ба Румиён 12:1-2
Зеро ки дар Исои Масеҳ на хатна аҳамияте дорад ва на номахтунӣ, балки махлуқи нав. Ва онҳое ки мувофиқи ҳамин қоида рафтор мекунанд, осоиштагӣ ва марҳамат бар онҳо бод, ва бар Исроили Худо!
Нома ба Ғалотиён 6:15-16
Ҷалоли Падари Ман дар ин аст, ки шумо меваи фаровон оваред, ва шогирдони Ман хоҳед буд.
Инҷили Юҳанно 15:8
На шумо Маро баргузидаед, балки Ман шуморо баргузидаам ва шуморо таъин кардам, ки шумо биравед ва мева оваред, ва меваи шумо бимонад, то ки ҳар чи аз Падар ба исми Ман талаб кунед, ба шумо ато кунад.
Инҷили Юҳанно 15:16
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
9 Ноя 2025
Psalms 89:19
8 Ноя 2025
1 Thessalonians 5:8
7 Ноя 2025
Psalms 107:8
6 Ноя 2025
Colossians 3:4
5 Ноя 2025
Exodus 30:23
4 Ноя 2025
1 Peter 1:6
3 Ноя 2025
Hosea 14:9