Чоршанбе, 24 Декабр 2025

Нури рӯзона

24 Дек 2025

Зеро ки агар шумо ба ҳасби ҷисм зиндагӣ кунед, албатта хоҳед мурд; аммо агар аъмоли ҷисмониро ба воситаи Рӯҳ бикушед, зинда хоҳед монд.

Нома ба Румиён 8:13

Корҳои ҷисм маълум аст, ки инҳост: фисқ, зино, нопокӣ, фуҷур,

Нома ба Ғалотиён 5:19

Нафрат, қатлҳо, бадмастӣ, бетартибӣ ва монанди ин; шуморо пешакӣ огоҳ менамоям, чунон ки пештар ҳам огоҳ намудаам, ки кунандагони чунин корҳо Малакути Худоро мерос нахоҳанд гирифт. Аммо самари Рӯҳ инҳост: муҳаббат, шодмонӣ, осоиштагӣ, пурсабрӣ, меҳрубонӣ, марҳамат, имон, Фурӯтанӣ, парҳезгорӣ. Ба инҳо шариат муқобил нест. Лекин онҳое ки ба Масеҳ тааллуқ доранд, ҷисмро бо ҳирсҳо ва ҳавасҳояш маслуб кардаанд. Агар мо бар тибқи Рӯҳ зиндагӣ мекарда бошем, бояд бар тибқи Рӯҳ рафтор ҳам кунем:

Нома ба Ғалотиён 5:21-25

Зеро файзи Худо, ки барои ҳамаи одамон наҷотбахш аст, зоҳир шудааст, Ва моро таълим медиҳад, ки маъсият ва шаҳавоти дуньёро рад намуда, дар ин дуньё бо исмат, адолат ва парҳезгорӣ зиндагӣ кунем, Ва мунтазири умеди муборак ва зуҳури ҷалоли Худои азим ва Наҷотдиҳандаи мо Исои Масеҳ бошем, Ки Худро барои мо фидо кард, то ки моро аз ҳар шарорат халосӣ диҳад ва барои Худ ҳамчун қавми махсусе ки дар аъмоли нек ғаюранд, татҳир намояд.

Нома ба Титус 2:11-14

Бо зеҳни сунъӣ тарҷума шудааст, аз ҷумла иқтибосҳои Китоби Муқаддас — ҳама гуна истинодро кушоед, то онро дар Китоби Муқаддас 1992, 1999 хонед.

Барои маълумоти муффасал ба адреси электронии мо муроҷиат намоед: [email protected]

Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).

Рӯзҳои охир