Кист, ки тавонад бигӯяд: «Дили худро тоза кардаам, аз гуноҳи худ пок шудаам»?
Масалҳо 20:9
Нури рӯзона
Кист, ки тавонад бигӯяд: «Дили худро тоза кардаам, аз гуноҳи худ пок шудаам»?
Масалҳо 20:9
Касе ки дар рафтораш беайб бошад, ва аз рӯи адолат амал кунад, ва дар дили худ ростгӯй бошад; Бо забони худ бӯҳтон назанад, ба ёри худ бадӣ накунад, ва ақрабои худро таҳқир нанамояд;
Забур 14:2-3
Бинобар ин онҳое ки ба ҳасби ҷисм зиндагӣ мекунанд, ба Худо писанд афтода наметавонанд.
Нома ба Румиён 8:8
Зеро медонам, ки дар ман, яъне дар ҷисми ман, чизи нек мавҷуд нест; чунки майли кардани кори нек дар ман бошад ҳам, ёрои кардани он надорам. Зеро он кори неке ки мехоҳам, намекунам, лекин кори баде ки намехоҳам, мекунам.
Нома ба Румиён 7:18-19
Ва ҳамаамон мисли палиде гардидаем, ва тамоми адолати мо мисли либоси чиркин аст; ва ҳамаамон мисли барг пажмурда шудаем, ва гуноҳҳоямон мисли боде моро бардошта мебарад.
Ишаъё 64:6
Аммо Навиштаҳо ҳама чизро зери дасти гуноҳ банд кардааст, то ки ба воситаи имон ба Исои Масеҳ ваъда ба имондорон ато шавад.
Нома ба Ғалотиён 3:22
Чунки Худо дар Масеҳ буда, аҳли ҷаҳонро бо Худ мусолиҳа дод, ҷиноятҳои онҳоро ба ҳисобашон надаровард ва каломи мусолиҳаро ба мо супурд.
2 ба Қӯринтиён 5:19
Агар гӯем, ки мо гуноҳе надорем, — худамонро фиреб медиҳем, ва дар мо ростӣ нест. Агар мо гуноҳҳои худро эътироф кунем, Ӯ амин ва одил аст, ки гуноҳҳои моро биомурзад ва моро аз ҳар ноинсофӣ пок намояд.
1 Юҳанно 1:8-9
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
14 Фев 2026
Matthew 3:15
13 Фев 2026
Ezekiel 1:26
12 Фев 2026
Malachi 3:17
11 Фев 2026
Malachi 3:16
10 Фев 2026
Luke 11:34
9 Фев 2026
Luke 16:25
8 Фев 2026
John 15:15