Худованд наздик аст — 8 Сентябр 2026: Ҳукмронии Писари Одам: Подшоҳии абадии Масеҳ

Худованд наздик астКевин Квартелл

Худованд наздик аст

13 Дар рӯъёҳои шаб ман дидам, ва инак, мисли Писари одам бо абрҳои осмон меомад, ва то Атиқулайём расид, ва ба ҳузури Ӯ наздик оварданд. 14 Ва салтанат ва ҷалол ва малакут ба Ӯ дода шуд, то ки ҳамаи қавмҳо, умматҳо ва забонҳо Ӯро ибодат намоянд; салтанати Ӯ салтанати ҷовидонист, ки завол нахоҳад ёфт ва малакути Ӯ нест нахоҳад шуд.

1 Ва дар соли дуюми подшоҳии Набукаднесар, Набукаднесар хобҳо медид, ва рӯҳи ӯ музтариб шуд, ва хобаш аз ӯ дур шуд. 2 Ва подшоҳ амр фармуд, ки ғайбдонон ва афсунгарон ва дуохонон ва мунаҷҷимонро бихонанд, то ки онҳо ба подшоҳ хобҳои ӯро бигӯянд. Ва онҳо омада, ба ҳузури подшоҳ истоданд. 3 Ва подшоҳ ба онҳо гуфт: «Хобе дидам, ва рӯҳи ман музтариб шуд — мехоҳам хобро бидонам». 4 Ва мунаҷҷимон ба подшоҳ ба забони арамӣ гуфтанд: «То абад зинда бош, эй подшоҳ! Хобро ба бандагони худ бигӯй, ва мо таъбири онро баён хоҳем кард». 5 Подшоҳ ба мунаҷҷимон ҷавоб гардонда, гуфт: «Аз ҷониби ман чунин қароре қабул шудааст, ки агар хоб ва таъбири онро ба ман ошкор накунед, пора‐пора хоҳед шуд, ва хонаҳотон харобазор хоҳад гардид, 6 Вале агар хоб ва таъбири онро ошкор кунед, тӯҳфаҳо ва инъомҳо ва ҷалоли азиме аз ҷониби ман пайдо хоҳед кард; пас, хоб ва таъбири онро ба ман бигӯед». 7 Бори дигар онҳо ҷавоб гардонда, гуфтанд: «Подшоҳ хобро ба бандагони худ бигӯяд, ва мо таъбири онро баён хоҳем кард». 8 Подшоҳ ҷавоб гардонда, гуфт: «Ман яқин медонам, ки шумо фурсат меҷӯед, чун мебинед, ки аз ҷониби ман чунин қароре қабул шудааст, 9 Ки агар хобро ба ман ошкор накунед, барои шумо фақат як ҳукмнома аст. Суханони дурӯғу ботилро шумо ният доштед ба хузури ман бигӯед, то ки вақт мурур намояд; пас, хобро ба ман бигӯед, ва ман хоҳам донист, ки таъбири онро метавонед ба ман ошкор кунед». 10 Мунаҷҷимон ба ҳузури подшоҳ ҷавоб гардонда, гуфтанд: «Касе бар рӯи замин нест, ки инро тавонад ба подшоҳ ошкор кунад, дар сурате ки ҳеҷ подшоҳи бузург ва пуриқтидор чунин чизро аз ҳеҷ ғайбдон, афсунгар ва мунаҷҷим талаб накардааст. 11 Ва он чи подшоҳ талаб мекунад, чунон мушкил аст, ки ғайр аз худоёне ки масканашон бо башар нест, ҳеҷ каси дигар наметавонад онро ба ҳузури подшоҳ ошкор кунад». 12 Аз ин сабаб подшоҳ ба ғазаб омада, бағоят хашмгин шуд ва амр фармуд, ки ҳамаи ҳакимони Бобилро несту нобуд кунанд. 13 Ва фармон дода шуд, ки ҳакимон бояд кушта шаванд; ва Дониёл ва рафиқонашро ҷустуҷӯ мекарданд, то он шахсонро ба қатл расонанд. 14 Он гоҳ Дониёл ба сардори посбонони подшоҳ — Арьюк, ки барои куштани ҳакимони Бобил берун омада буд, бо машварат ва ҳикмат муроҷиат намуд; 15 Ба Арьюк, ки мансабдоре ба ҳузури подшоҳ буд, рӯ оварда, гуфт: «Чаро аз ҷониби подшоҳ чунин фармони сахт дода шудааст?» Он гоҳ Арьюк асли масъаларо ба Дониёл баён намуд. 16 Ва Дониёл омада, аз подшоҳ илтимос кард, ки ба ӯ мӯҳлат бидиҳад, то таъбири хобро ба подшоҳ ошкор намояд. 17 Он гоҳ Дониёл ба хонаи худ рафта, ба рафиқонаш Ҳананьё, Мишоил ва Азарьё дар ин бобат хабар дод, 18 То аз Худои осмон дар бораи ин роз марҳамат талаб кунанд, то ки Дониёл ва рафиқонаш бо дигар ҳакимони Бобил несту нобуд нашаванд. 19 Дар он шаб ин роз ба Дониёл дар рӯъё ошкор шуд, ва Дониёл Худои осмонро муборак хонд, 20 Ва Дониёл сухан ронда, гуфт: «Исми Худо аз азал то абад муборак бод, ки ҳикмат ва қудрат аз они Ӯст! 21 Ва Ӯ вақтҳо ва замонҳоро тағьир медиҳад, подшоҳонро сарнагун мекунад ва подшоҳонро барқарор менамояд, ба ҳакимон ҳикмат ва ба оқилон дониш мебахшад. 22 Ӯ чизҳои амиқ ва ниҳонро ошкор мекунад, он чиро, ки дар зулмот аст, медонад, ва нур бо Ӯ сокин аст. 23 Ман туро, эй Худои падаронам, шукрона ва ҳамд мегӯям, барои он ки ҳикмат ва қудрат ба ман бахшидаӣ, ва алҳол он чиро, ки аз ту илтимос намудем, ба ман ошкор кардӣ, зеро ки масъалаи подшоҳро ба мо ошкор кардӣ». 24 Баъд аз ин, Дониёл назди Арьюк, ки подшоҳ қатли ҳакимони Бобилро ба вай супурда буд, рафт; ва омада, ба вай гуфт: «Ҳакимони Бобилро ба қатл нарасон; маро ба ҳузури подшоҳ бибар, ва ман таъбири хобро ба ӯ баён хоҳам кард». 25 Он гоҳ Арьюк фавран Дониёлро ба ҳузури подшоҳ овард, ва ба ӯ чунин гуфт: «Ман шахсеро аз асирони Яҳудия пайдо кардам, ки вай метавонад таъбири хобро ба подшоҳ бигӯяд». 26 Дар ҷавоб подшоҳ ба Дониёл, ки Балтшасар ном дошт, гуфт: «Оё ту метавонӣ хоберо, ки ман дидаам, бо таъбири он ба ман бигӯӣ?» 27 Дониёл ба ҳузури подшоҳ ҷавоб гардонда, гуфт: «Розеро, ки подшоҳ пурсидааст, ҳакимон, афсунгарон, ғайбдонон ва ҷодугарон наметавонанд ба подшоҳ баён намоянд. 28 Аммо Худое дар осмон ҳаст, ки Ошкоркунандаи розҳост, ва Ӯ подшоҳ Набукаднесарро аз он чи дар айёми охир ба вуқӯъ хоҳад омад, огоҳ кардааст. Хоби ту ва рӯъёи сари ту бар бистари ту ин буд: 29 Ту, эй подшоҳ, бар бистари худ дар он хусус фикру хаёл кардаӣ, ки баъд аз ин чиҳо ба вуқӯъ хоҳад омад, — ва Ошкоркунандаи розҳо туро аз он чи ба вуқӯъ хоҳад омад, огоҳ кардааст. 30 Валекин ба ман на аз сабаби ҳикмате ки бештар аз ҳамаи зиндаҳо дорам, ин роз ошкор шудааст, балки аз барои он ки таъбири хоб ба подшоҳ маълум шавад, ва ту фикру хаёли дили худро бидонӣ. 31 Ту, эй подшоҳ, чунин рӯъёе дидаӣ: инак, як ҳайкали бузург; ин ҳайкали бузург, ки бисьёр дурахшон буд, дар рӯ ба рӯи ту меистод, ва намуди саҳмгине дошт. 32 Сари ин ҳайкал аз тиллои холис, сина ва бозуҳояш аз нуқра, шикам ва ронҳояш аз мис буд; 33 Соқҳояш аз оҳан, пойҳояш қисман аз оҳан ва қисман аз гил буд. 34 Ту дидаӣ, ки санге канда шуд, бе он ки дасте расида бошад, ва пойҳои оҳанин ва гилини ҳайкалро зад ва онҳоро гард‐гард кард. 35 Он гоҳ оҳан, гил, мис, нуқра ва тилло якбора гард‐гард шуда, мисли коҳрезаи хирмангоҳи тобистон гардид, ва бод онҳоро гирифта бурд, ва ному нишоне аз онҳо боқӣ намонд; ва он санг, ки ҳайкалро зада буд, ба кӯҳи бузурге табдил ёфта, тамоми заминро пур кард. 36 Хоб ҳамин аст, ва таъбири онро ба ҳузури подшоҳ хоҳем гуфт. 37 Ту, эй подшоҳ, шоҳаншоҳе ҳастӣ, ки Худои осмон ба ту салтанат, қудрат, тавоноӣ ва ҷалол бахшидааст; 38 Ва дар ҳар ҷое ки банӣ‐одам, ҳайвоноти саҳро ва мурғони ҳаво сукунат доранд, онҳоро ба дасти ту супурда, туро бар ҳамаи онҳо ҳукмраво гардонидааст, — он сари тилло ту ҳастӣ. 39 Баъд аз ту салтанати дигаре барпо хоҳад шуд, ки аз салтанати ту пасттар бошад, ва салтанати сеюми дигаре, — салтанати мисин, — ки он бар тамоми замин ҳукмфармо хоҳад шуд. 40 Ва салтанати чорум мисли оҳан қавӣ хоҳад буд; чунон ки оҳан ҳама чизро пора‐пора ва гард‐гард мекунад, он низ, мисли ҳамин оҳани шикананда, ҳамаи ин чизҳоро пора‐пора хоҳад кард ва хоҳад шикаст. 41 Ва ин ки ту пойҳо ва ангуштонро дидаӣ, ки қисман аз гили кулолгар ва қисман аз оҳан буд, ин яъне мамлакати тақсимшудаест, ки қадаре аз қуввати оҳан дар он хоҳад буд, чунон ки ту оҳани бо гили кулолӣ омехтаро дидаӣ. 42 Ва чунон ки ангуштони пойҳо қисман аз оҳан ва қисман аз гил буд, ончунон ин салтанат қисман қавӣ ва қисман зудшикан хоҳад буд. 43 Ва ин ки ту оҳани бо гили кулолӣ омехтаро дидаӣ, ин яъне онҳо бо насли одам омезиш хоҳанд ёфт, валекин бо ҳамдигар пайванд нахоҳанд шуд, чунон ки оҳан бо гил пайванд намешавад. 44 Ва дар айёми он подшоҳон Худои осмон салтанате барпо хоҳад кард, ки он то абад барҳам нахоҳад хӯрд; ва ин салтанат ба қавми дигаре супурда нахоҳад шуд: он ҳамаи ин салтанатҳоро гард‐гард ва несту нобуд хоҳад кард, вале худаш то абад хоҳад истод. 45 Чунон ки ту дидаӣ, ки санге аз кӯҳ канда шуд, бе он ки дасте расида бошад, ва охан, мис, гил, нуқра ва тиллоро пора‐пора кард, ончунон Худои бузург подшоҳро аз он чи баъд аз ин ба вуқӯъ хоҳад омад, огоҳ кардааст. Пас, хоб дуруст ва таъбири он амин аст!» 46 Он гоҳ подшоҳ Набукаднесар рӯйнокӣ афтода, ба Дониёл саҷда бурд ва амр фармуд, ки барои ӯ ҳадияҳо ва бухур биёранд. 47 Подшоҳ ба Дониёл ҷавоб гардонда, гуфт: «Ба ростӣ Худои шумо Худои худоён ва Хукмфармои подшоҳон ва Ошкоркунандаи розҳо мебошад, зеро ки ту тавонистӣ ин розро ошкор намоӣ!» 48 Он гоҳ подшоҳ ба Дониёл бузургӣ бахшид ва инъомҳои сершумор ва гаронбаҳо ба ӯ дод, ва ӯро ҳоким бар тамоми вилояти Бобил, ва раиси сардорон бар ҳамаи ҳакимони Бобил таъин намуд. 49 Ва Дониёл аз подшоҳ илтимос кард, ва ӯ Шадрак, Мешак ва Абднаҷуро бар корҳои вилояти Бобил гузошт. Ва Дониёл дар боргоҳи подшоҳ буд.

1 Дар соли якуми Балшасар, подшоҳи Бобил, Дониёл бар бистари худ хобе ва рӯъёҳои сари худро дид; он гоҳ хобро навишта, асли масъаларо баён кард. 2 Дониёл ба сухан оғоз намуда, гуфт: «Шабона дар рӯъёи худ дидам, ва инак, чор боди осмон бар баҳри бузург ҳамла оварданд, 3 Ва чор ҳайвони калон, ки аз ҳамдигар фарқ доштанд, аз баҳр берун омаданд. 4 Якуми онҳо мисли шер буд, вале болҳои уқобро дошт; ва дидам, ки болҳои он канда шуд, ва он аз замин бардошта шуд, ва мисли одамизод бар пойҳояш гузошта шуд, ва дили одамӣ ба он дода шуд. 5 Ва инак, ҳайвони дигари дуюм, ки мисли хирс буд, ва дар як тараф меистод, ва дар даҳони он, дар миёни дандонҳояш, се дандони ашкӣ буд, ва ба он чунин гуфтанд: „Бархез ва гӯшти бисьёре бихӯр!“ 6 Баъд аз он дидам, ва инак, ҳайвони дигаре ки мисли паланг буд, ва бар тахтапушташ чор боли мурғро дошт; ва ин ҳайвон чор калла дошт, ва салтанат ба он дода шуда буд. 7 Баъд аз он дар рӯъёҳои шаб дидам, ва инак, ҳайвони чорум, ки саҳмгин ва даҳшатангез ва бисьёр бақувват буд, ва дандонҳои калони оҳанин дошт; вай мехӯрд ва пора‐пора мекард, ва боқимондаро бо пойҳои худ поймол менамуд, ва аз ҳамаи ҳайвонҳое ки пеш аз вай буданд, фарқ дошт, ва шохаш даҳто буд. 8 Ба он шохҳо менигаристам, ва инак, як шохи дигари майдае аз миёни онҳо баромад, ва сето аз шохҳои пештара пеши он решакан гардид, ва инак, дар ин шох чашмоне буд мисли чашмони одамизод, ва даҳоне буд, ки густохона сухан меронд. 9 Ва дидам, ки тахтҳо барқарор гардид; ва Атиқулайём нишаста буд; либоси Ӯ мисли барф сафед, ва мӯйсари Ӯ мисли пашм пок буд; тахти Ӯ — шарораҳои оташ, чархҳои он — оташи сӯзон; 10 Наҳри оташ аз пеши Ӯ ҷорӣ шуда, берун меомад; ҳазорон‐ҳазор ба ӯ хизмат мекарданд, ва беварҳо‐бевар ба ҳузури ӯ меистоданд; доварӣ ба муҳокима нишаст, ва дафтарҳо кушода шуд. 11 Он гоҳ ман дидам, ки аз боиси садои суханони густохонае ки он шох мегуфт, дар пеши назарам он ҳайвон кушта шуд, ва ҷасадаш нобуд гардида, дар оташ андохта шуд. 12 Ва ҳайвонҳои боқӣ аз салтанаташон дур карда шуданд, валекин дарозии умр то замоне ва муддате ба онҳо дода шуд. 13 Дар рӯъёҳои шаб ман дидам, ва инак, мисли Писари одам бо абрҳои осмон меомад, ва то Атиқулайём расид, ва ба ҳузури Ӯ наздик оварданд. 14 Ва салтанат ва ҷалол ва малакут ба Ӯ дода шуд, то ки ҳамаи қавмҳо, умматҳо ва забонҳо Ӯро ибодат намоянд; салтанати Ӯ салтанати ҷовидонист, ки завол нахоҳад ёфт ва малакути Ӯ нест нахоҳад шуд. 15 Рӯҳи ман, Дониёл, андаруни ҷасадам мушавваш гардид, ва рӯъёҳои сарам маро ҳаросон кард. 16 Ман ба яке аз истодагон наздик шуда, ҳақиқатро дар бораи ҳамаи ин аз ӯ пурсидам, ва ӯ ба ман сухан ронда, асли масъаларо ба ман фаҳмонд: 17 „Ин ҳайвонҳои калон, ки чорто ҳастанд, чор подшоҳанд, ки аз замин хоҳанд бархост. 18 Ва муқаддасони Ҳаққи Таоло салтанатро хоҳанд пазируфт, ва салтанатро то абад ва то абадулобод мерос хоҳанд гирифт“. 19 Он гоҳ ман хостам ҳақиқатро дар бораи ҳайвони чорум бидонам, ки он аз ҳамаи дигарон фарқ дошта, бағоят саҳмгин буд: дандонҳояш оҳанин ва чанголаш мисин буд, вай мехӯрд ва пора‐пора мекард ва боқимондаро бо пойҳои худ поймол менамуд; 20 Ва дар бораи даҳ шохе ки бар сари он буд, ва дар бораи шохи дигаре ки баромад, ва се шох пеши он решакан гардид, — дар бораи ҳамон шохе ки чашмон ва даҳоне дошт, ки густохона сухан меронд, ва намуди он аз дигарон калонтар буд. 21 Ва ман дидам, ки он шох бо муқаддасон ҷангида, бар онҳо ғолиб меомад, 22 То даме ки Атиқулайём омад, ва доварӣ ба муқаддасони Ҳаққи Таоло супурда шуд, ва замоне фаро расид, ва малакутро муқаддасон мерос гирифтанд. 23 Чунин гуфт: „Ҳайвони чорум салтанати чорум бар замин хоҳад буд, ки он аз ҳамаи салтанатҳо фарқ хоҳад дошт, ва тамоми заминро хоҳад хӯрд, ва онро поймол намуда, пора‐пора хоҳад кард. 24 Ва даҳ шох, ин яъне аз он салтанат даҳ подшоҳ хоҳанд бархост, ва подшоҳи дигаре баъд аз онҳо хоҳад бархост, ва ӯ аз подшоҳони аввалин фарқ хоҳад дошт, ва се подшоҳро сарнагун хоҳад кард, 25 Ва суханон бар зидди Ҳаққи Таоло хоҳад гуфт, ва муқаддасони Ҳаққи Таолоро мазлум хоҳад кард, ва дар роҳи тағьир додани мӯҳлатҳо ва шариат хоҳад кӯшид, ва онҳо то замоне ва ду замон ва нисфи замон ба дасти ӯ супурда хоҳанд шуд. 26 Ва доварӣ ба муҳокима хоҳад нишаст, ва салтанати ӯро аз ӯ гирифта, то охир несту нобуд хоҳанд кард. 27 Ва малакут ва салтанат ва кибриёи малакутҳо дар таҳти тамоми осмон ба муқаддасон, яъне ба қавми Ҳаққи Таоло дода хоҳад шуд, ки малакути Ӯ малакути ҷовидонист, ва ҳамаи салтанатҳо ба Ӯ хизмат ва итоат хоҳанд кард“. 28 Фарҷоми сухан то ин ҷост. Фикрҳои ман, Дониёл, маро бағоят мушавваш намуд, ва ранги рӯям дигаргун шуд, вале ин гапро дар дили худ нигоҳ доштам».

Дониёл 7:13–14 · Дониёл 2 · Дониёл 7 · KM92

Дар китоби боби 7, ба рӯъёи чаҳор империяи барҷаста дода шуд, ки бар ва махсусан бар халқи ӯ ҳукмронӣ хоҳанд кард. Дар ҳоле ки дар боби 2 ин империяҳо ҳамчун металлҳои гуногун дида мешаванд, дар ин ҷо дар рӯъёи онҳо ҳамчун ҳайвонҳо дида мешаванд. Ин хислати онҳоро аз нуқтаи назари Худо ифода мекард. Ин империяҳо асосан бо иродаи худ, бе эътирофи Худои ҳақиқӣ дар , идома ёфтанд.

, мо инчунин дар рӯъё як нафарро мебинем, ки Писари аст. Дар 2, мо Масеҳро ҳамчун мебинем, ки ҳамаи империяҳои одамонро нест мекунад ва ба кӯҳи бузурге меёбад, ки заминро мекунад.

Дар ин ҷо дар 7 мо Писари Одамро мебинем, ки дар абрҳои пеши меояд. Мо мебинем, ки ҳукмронии мутлақ ба Писари дода шудааст. Ҳама , миллатҳо ва забонҳо бояд ба Ӯ кунанд.

Дар ибтидо, Худо ба ҳукмронӣ бар заминро супурд. мо медонем, ки ин ҳукмрониро вақте ки ӯ ва Ҳавво ба гуноҳ афтоданд, аз даст дод (Ҳас. 3). Дигар одамон, ба монанди , ва ба ҷойҳои ҳокимият ва ҳукмронӣ гузошта шуданд, ҳар яки онҳо ноком шуданд. Ҳатто имрӯз, ҳар як ҳоким ба ҳар ҳол бо нокомӣ ва гуноҳ қайд карда шудааст.

Ниҳоят, дар ин Писари , Худованди мо Исои , Падари мо Мардеро ёфт, ки ба дили Ӯ аст, ки ба Ӯ метавонад тамоми ҳукмронӣ ва ҳокимиятро супорад. Бигзор мо имрӯз ба ҳокимияти Ӯ кунем!

Аслан дар https://thelordisnear.org нашр шудааст. Бо зеҳни сунъӣ тарҷума шудааст, аз ҷумла иқтибосҳои Китоби Муқаддас — ҳама гуна истинодро кушоед, то онро дар Китоби Муқаддас 1992, 1999 хонед.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999. www.ifb.nu

Акс аз Ронни Шмутс дар Unsplash (https://unsplash.com/photos/a-very-tall-waterfall-in-the-middle-of-a-mountain-beO051yJ-iM)

Рӯзҳои охир

Ҳамаро дидан
  • 7 Сен 2026

    Мо ин боғро Ҷатсамонӣ медонем: ҷои чархмолаи равған. Юҳанно ба мо мегӯяд, ки «Исо аксар...

  • 6 Сен 2026

    Петрус аллакай ба ин муқаддасоти пароканда мавқеи онҳоро дар Масеҳ дар оятҳои ифтитоҳӣ...

  • 4 Сен 2026

    Ҳанӯх, ҳафтумин аз Одам, дар рӯзҳои худ шоҳиди содиқ буд. Вақте ки ӯ шасту панҷсола буд,...

  • 3 Сен 2026

    Бисёре аз мардуми Яҳудо гирд оварда шуда, ҳамчун асир, аз ҷумла Ҳизқиёл, ба он чизе, ки...

  • 2 Сен 2026

    Онҳое, ки бо ҳаёти Шарқи Наздик беҳтар ошно ҳастанд, ба мо мегӯянд, ки масал дар бораи...