Панҷ далеле, ки шумо бояд донед
- Ҳукми Худо «Касе нест, ки некӣ кунад, ҳатто як нафар ҳам нест… зеро ҳама гуноҳ кардаанд ва аз ҷалоли Худо маҳруманд» (Румиён 3:12, 23)
- Қарори Худо «Лаънатӣ аст ҳар кӣ дар ҳамаи он чизҳое, ки дар китоби шариат навишта шудааст, истодагарӣ намекунад, то онҳоро ба ҷо оварад» (Ғалотиён 3:10) «Касе ки имон надорад, аллакай маҳкум шудааст, зеро ӯ ба исми Писари ягонаи Худо имон наовардааст» (Юҳанно 3:18)
- Таъминоти Худо «Худо ҷаҳонро чунон дӯст дошт, ки Писари ягонаи Худро дод, то ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, талаф нашавад, балки ҳаёти ҷовидонӣ дошта бошад» (Юҳанно 3:16) «Масеҳ барои гуноҳҳои мо мувофиқи Навиштаҳо мурд» (1 Қӯринтиён 15:3) «Масеҳ моро аз лаънати шариат халос кард, зеро барои мо лаънат шуд» (Ғалотиён 3:13)
- Имконияти шумо «Аммо ба ҳар кӣ Ӯро қабул кард, ба онҳо ҳуқуқ дод, ки фарзандони Худо шаванд, ҳатто ба онҳое, ки ба исми Ӯ имон доранд» (Юҳанно 1:12)
- Ягона умеди шумо «Касе ки ба Писар имон дорад, ҳаёти ҷовидонӣ дорад; ва касе ки ба Писар имон надорад, ҳаётро нахоҳад дид» (Юҳанно 3:36) «Ва дар ҳеҷ каси дигар наҷот нест, зеро ҳеҷ исми дигаре нест… ки ба воситаи он мо бояд наҷот ёбем» (Аъмол 4:12)

