Бигзор аъмоли Ту бар бандагонат зоҳир шавад, ва шавкати Ту бар фарзандони онҳо.
Забур 89:16
Нури рӯзона
Бигзор аъмоли Ту бар бандагонат зоҳир шавад, ва шавкати Ту бар фарзандони онҳо.
Забур 89:16
Ва ҳар кас хоҳад гуфт: адолат ва қудрат барои ман фақат дар Худованд аст“». Ҳаман онҳое ки бар Ӯ ғазаб доштанд, сӯи Ӯ хоҳанд омад ва хиҷил хоҳанд шуд. Тамоми насли Исроил дар Худованд сафед хоҳанд шуд ва ҷалол хоҳанд ёфт.
Ишаъё 45:24-25
Машварати Худованд қоим аст то абад, андешаҳои дили Ӯ то абадуддаҳр.
Забур 32:11
Аммо алҳол, сарфи назар аз шариат, адолати Худо зоҳир шудааст, ки Таврот ва анбиё бар он шаҳодат медиҳанд, — Адолати Худо ба воситаи имон ба Исои Масеҳ барои ҳамаи имондорон; зеро ки ҳеҷ тафовуте нест,
Нома ба Румиён 3:21-22
Ва барои нишон додани адолати Ӯ дар замони ҳозира, то ки Ӯ одил бошад ва ҳар киро, ки ба Исо имон меоварад, сафед кунад.
Нома ба Румиён 3:26
Ҳамеша дар Худованд шод бошед; боз мегӯям: шод бошед.
Нома ба Филиппиён 4:4
Шумо Ӯро надида дӯст медоред, ва агарчи Ӯро ҳанӯз надидаед, ба Ӯ имон меоваред ва бо шодмонии молокалом ва пур аз ҷалол шодӣ мекунед
1 Петрус 1:8
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
16 Окт 2025
Romans 12:11
15 Окт 2025
Psalms 59:9
14 Окт 2025
Romans 14:9
13 Окт 2025
Daniel 10:12
12 Окт 2025
2 Corinthians 5:19
11 Окт 2025
Psalms 22:11
10 Окт 2025
Ephesians 3:15