Аммо яке аз сарбозон ба қабурғаи Ӯ найза зад, ва ҳамон дам хун ва об ҷорӣ шуд.
Инҷили Юҳанно 19:34
Нури рӯзона
Аммо яке аз сарбозон ба қабурғаи Ӯ найза зад, ва ҳамон дам хун ва об ҷорӣ шуд.
Инҷили Юҳанно 19:34
Ва Мусо хунро гирифта, бар қавм пошид, ва гуфт: «Ин аст хуни аҳде ки Худованд бар ҳамаи ин суханон бо шумо бастааст».
Хуруҷ 24:8
Чунки ҷони ҷисм дар хун аст, ва Ман онро ба шумо барои қурбонгоҳ додаам, то ки ҷонҳои шуморо кафорат намояд, зеро ҳамин хун аст, ки ҷонро кафорат менамояд.
Ибодат 17:11
Зеро аз имкон берун аст, ки хуни говҳо ва бузҳо гуноҳҳоро нест кунад.
ба Ибриён 10:4
Ва ба онҳо гуфт: «Ин аст Хуни Ман аз аҳди ҷадид, ки барои бисьёр касон рехта мешавад.
Инҷили Марқӯс 14:24
Ва на ба воситаи хуни бузҳо ва говҳо, балки ба воситаи Хуни Худ як бор ба кудс дохил шуда, кафорати абадӣ пайдо кард.
ба Ибриён 9:12
Ва ба воситаи Ӯ ҳама чизро бо Худ оштӣ дода, бо хуни салиби Ӯ осоиштагиро барқарор намояд, яъне он чиро, ки бар замин аст, ва он чиро, ки дар осмон аст, ба василаи Ӯ оштӣ диҳад.
Нома ба Қӯлассиён 1:20
Чун медонед, ки шумо на бо фидияи нуқра ё тилло харида шудаед аз ҳаёти ботиле ки аз падарони худ мерос гирифтаед, Балки бо Хуни гаронбаҳои Масеҳ, ҳамчун барраи беайб ва пок, Ки пеш аз таъсиси ҷаҳон пешакӣ таъин шуда буд, лекин дар замони охир барои шумо зоҳир шудааст,
1 Петрус 1:18-20
Ва оби пок бар шумо хоҳам пошид, ва шумо пок хоҳед шуд; аз ҳамаи палидиҳотон ва аз ҳамаи бутҳотон шуморо пок хоҳам кард.
Ҳизқиёл 36:25
Пас бо дили соф ва бо имони комил, дилҳои худро ба воситаи пошидан аз виҷдони шарири мо татҳир намуда ва ҷисми худро дар оби пок ғусл дода, наздик оем,
ба Ибриён 10:22
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
17 Окт 2025
Psalms 89:16
16 Окт 2025
Romans 12:11
15 Окт 2025
Psalms 59:9
14 Окт 2025
Romans 14:9
13 Окт 2025
Daniel 10:12
12 Окт 2025
2 Corinthians 5:19
11 Окт 2025
Psalms 22:11