Зеро ғаме ки Худо додааст, тавбаро дар роҳи наҷот ба амал меоварад, ки аз он пушаймонӣ нест, лекин ғами дуньёвӣ мамотро ба амал меоварад.
2 ба Қӯринтиён 7:10
Нури рӯзона
Зеро ғаме ки Худо додааст, тавбаро дар роҳи наҷот ба амал меоварад, ки аз он пушаймонӣ нест, лекин ғами дуньёвӣ мамотро ба амал меоварад.
2 ба Қӯринтиён 7:10
Ва Петрус сухани Исоро ба ёд овард, ки ба вай гуфта буд: «Пеш аз он ки хурӯс бонг занад, Маро се бор инкор хоҳӣ кард». Ва берун рафта, зор‐зор гирист.
Инҷили Матто 26:75
Агар мо гуноҳҳои худро эътироф кунем, Ӯ амин ва одил аст, ки гуноҳҳои моро биомурзад ва моро аз ҳар ноинсофӣ пок намояд.
1 Юҳанно 1:9
Аммо агар дар нур мегашта бошем, чунон ки Ӯ дар нур аст, бо якдигар мушоракат дорем, ва Хуни Писари Ӯ Исои Масеҳ моро аз ҳар гуноҳ пок менамояд.
1 Юҳанно 1:7
Аз ин хоҳам донист, ки Ту ба ман таваҷҷӯҳ менамоӣ, зеро ки душманам бар ман тантана намекунад. Ва маро, ба сабаби беайбии ман, дастгирӣ хоҳӣ кард, ва ба хузури Худ то абад қоим хоҳӣ дошт.
Забур 40:12-13
«Ту низ сӯи Худои худ руҷӯъ намо, марҳамат ва инсофро риоят бикун, ва ҳамеша ба Худои худ таваккал намо».
Ҳушаъ 12:6
The sacrifices of God are a broken spirit. A broken and contrite heart, O God, you will not despise.
Psalms 51:17
Дар ҳудуди ту сулҳу осоиштагӣ барқарор менамояд; туро аз мағзи гандум сер мегардонад.
Забур 147:3
Ба ту, эй одамизод, гуфта шудааст, ки чӣ чиз некӯст, ва Худованд аз ту чӣ чизро талаб мекунад, яъне фақат инро, ки аз рӯи инсоф амал намоӣ, ва марҳаматро дӯст дорӣ, ва дар ҳузури Худои худ бо фурӯтанӣ роҳ равӣ.
Мико 6:8
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
11 Ноя 2025
Psalms 78:53
10 Ноя 2025
Colossians 1:10
9 Ноя 2025
Psalms 89:19
8 Ноя 2025
1 Thessalonians 5:8
7 Ноя 2025
Psalms 107:8
6 Ноя 2025
Colossians 3:4
5 Ноя 2025
Exodus 30:23