Варо Ту баандоза сазо додаӣ, вақте ки бадар рондаӣ. Варо бо вазиши сахти Худ дур андохтаӣ, мисли он ки дар рӯзи боди шарқӣ бошад.
Ишаъё 27:8
Нури рӯзона
Варо Ту баандоза сазо додаӣ, вақте ки бадар рондаӣ. Варо бо вазиши сахти Худ дур андохтаӣ, мисли он ки дар рӯзи боди шарқӣ бошад.
Ишаъё 27:8
Ва Довуд ба Ҷод гуфт: «Ман дар ғояти тангӣ ҳастам; беҳтар аст, ки ба дасти Худованд биафтам, зеро ки марҳамати Ӯ бузург аст; вале ба дасти одамизод наафтам».
2 Подшоҳон 24:14
Зеро Ман бо ту ҳастам, — мегӯяд Худованд, — то ки туро наҷот диҳам; зеро Ман ҳамаи халқҳоеро, ки дар миёнашон туро пароканда намудаам, талаф хоҳам кард, аммо туро талаф нахоҳам кард, балки туро аз рӯи инсоф ҷазо хоҳам дод, вале туро тамоман беҷазо нахоҳам мононд.
Ирмиё 30:11
Ҳадде гузоштаӣ, то ки аз он нагузаранд ва баргашта, заминро напӯшонанд. Чашмаҳоро ба наҳрҳо равона кардаӣ: дар миёни кӯҳҳо ҷорӣ мешаванд,
Забур 103:9-10
Алафро барои чорпо мерӯёнӣ, ва сабзаро барои хизмати одамизод, то ки аз замин нон ҳосил кунад,
Забур 103:14
«Ва онҳо, мегӯяд Худованди лашкарҳо, дар он рӯзе ки Ман амал намоям, барои Ман ганҷи гузин хоҳанд буд, ва Ман ба онҳо раҳм хоҳам намуд, чунон ки одам ба писари худ, ки барои ӯ хизмат мекунад, раҳм менамояд.
Малокӣ 3:17
Ва Худованд гуфт: «Шимъӯн! Шимъӯн! Инак, шайтон талабгори он буд, ки шуморо мисли гандуме аз ғарбел гузаронад; Аммо Ман барои ту дуо гуфтам, то ки имонат таназзул накунад; ва ту як вақте, руҷӯъ намуда, бародарони худро устувор гардон».
Инҷили Луқо 22:31-32
Зеро ки Ту қалъае барои бенаво, қалъае барои мискин дар вақти тангии вай, паноҳгоҳе аз борони сел, сояе аз гармо будӣ; зеро ки нафаси қаҳролуди мустабидон мисли селоби деворшикан аст.
Ишаъё 25:4
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
17 Ноя 2025
Psalms 92:5
16 Ноя 2025
John 17:17
15 Ноя 2025
1 Corinthians 1:9
14 Ноя 2025
Psalms 40:17
13 Ноя 2025
Ephesians 5:25-26
12 Ноя 2025
2 Corinthians 7:10
11 Ноя 2025
Psalms 78:53