Ҷумъа, 9 Январ 2026

Нури рӯзона

9 Янв 2026

Зеро ки Ту паноҳгоҳи ман будӣ, ва бурҷи қуввае аз душман.

Забур 60:4

Ва дар ғарб аз исми Худованд, ва дар тарафи тулӯи офтоб аз ҷалоли Ӯ хоҳанд тарсид; вақте ки душман мисли наҳре ба ҳуҷум ояд, нафаси Худованд варо хоҳад ронд.

Ишаъё 59:19

Аз Ту ҳаёт пурсид, ба ӯ умри дароз бахшидаӣ то абад.

Забур 20:5

Худованд адолати моро ба рӯи об баровард; биёед, аъмоли Худованд Худои моро дар Сион эълон намоем.

Ирмиё 51:10

Аммо бар ҳамаи ин мо ба воситаи Дӯстдорамон пурра ғолиб меоем.

Нома ба Румиён 8:37

Худоро шукр, ки ба воситаи Худованди мо Исои Масеҳ ба мо ғалаба бахшидааст!

1 ба Қӯринтиён 15:57

Зеро лозим буд, ки Ӯ, ки ҳама чиз барои Ӯст ва ҳама чиз аз Ӯст, барои ин ки фарзандони бисьёрро ба ҷалол бирасонад, Пешвои наҷоти онҳоро ба воситаи уқубатҳо комил гардонад.

ба Ибриён 2:10

Ниҳоят, эй бародаронам, дар Худованд ва дар тавоноии қудрати Ӯ неруманд шавед.

Нома ба Эфсӯсиён 6:10

«Забони худро барои дурӯғ мисли камон зеҳ мекунанд, ва бар замин на аз барои ростӣ пурзӯр шудаанд, зеро ки аз як шарорат ба шарорати дигар мегузаранд, вале Маро намешиносанд», — мегӯяд Худованд.

Ирмиё 9:3

Ва Шоул ба Довуд гуфт: «Инак духтари калонии худ Мерабро ба ту ба занӣ медиҳам, фақат ин ки барои ман ҷанговари далер бош, ва ҷангҳои Худовандро бибар». Ва Шоул ба дили худ гуфт: «Бигзор дасти ман бар ӯ набошад, балки дасти фалиштиён бошад».

1 Подшоҳон 18:17

Валекин алҳол устувор бош, эй Зарубобил, мегӯяд Худованд, ва устувор бош, эй саркоҳин Еҳушаъ ибни Еҳӯсодоқ, ва устувор бошед, эй тамоми қавми замин, мегӯяд Худованд, ва кор кунед, зеро ки Ман бо шумо ҳастам, мегӯяд Худованди лашкарҳо, Бар тибқи каломи аҳде ки дар вақти берун омаданатон аз Миср бо шумо баста будам, ҳангоме ки Рӯҳи Ман андаруни шумо буд. Ҳаросон набошед!

Ҳаҷҷай 2:4-5

„Оё шумо намегӯед, ки боз чор моҳ мондааст, ва дарав фаро хоҳад расид“? Инак, Ман ба шумо мегӯям: чашмони худро боло карда, киштзорро бубинед, ки барои дарав сафед шудааст.

Инҷили Юҳанно 4:35

Зеро ки баъд аз андаке он Оянда хоҳад омад ва даранг нахоҳад кард.

ба Ибриён 10:37

Бо зеҳни сунъӣ тарҷума шудааст, аз ҷумла иқтибосҳои Китоби Муқаддас — ҳама гуна истинодро кушоед, то онро дар Китоби Муқаддас 1992, 1999 хонед.

Барои маълумоти муффасал ба адреси электронии мо муроҷиат намоед: [email protected]

Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).

Рӯзҳои охир