Барои он ки дӯстони Ту халосӣ ёбанд, бо ямини Худ наҷот деҳ, ва маро иҷобат намо.
Забур 107:7
Нури рӯзона
Барои он ки дӯстони Ту халосӣ ёбанд, бо ямини Худ наҷот деҳ, ва маро иҷобат намо.
Забур 107:7
Варо дар биёбон ёфт, дар замини халои пур аз уллос; варо пуштибонӣ намуд, ба вай назорат кард, варо ҳамчун гавҳараки чашми Худ нигоҳ дошт. Чунон ки уқоб аҳли лонаи худро бедор карда, бар чӯҷаҳои худ мепарад, ва болҳои худро паҳн карда, онҳоро мегирад, ва бар болу пари худ бардошта мебарад, Ончунон Худованд танҳо варо ҳидоят намуд, ва худои бегонае бо вай набуд.
Такрори Шариат 32:10-12
Ва то пирии шумо Ман хамон ҳастам, ва то мӯйсафедии шумо Ман шуморо хоҳам бардошт: Ман шуморо ба вуҷуд овардаам, ва Ман бар Худ бор хоҳам кард, ва Ман хоҳам бардошт ва хоҳам раҳонид.
Ишаъё 46:4
Кист, ки ба кӯҳи Худованд барояд, ва кист, ки дар мақоми муқаддаси Ӯ биистад? Каси покизадаст ва покдил, ки ҷонаш ба орзуҳои беҳуда нигаронида нашуда бошад, ва қасами дурӯғ нахӯрда бошад, —
Забур 23:3-4
Ва Худованд туро ҳамеша ҳидоят хоҳад намуд, ва дар хушксолиҳо туро сер хоҳад кард, ва ба устухонҳои ту қувват хоҳад дод, ва ту мисли боғи сероб хоҳӣ буд, ва мисли чашмае ки обаш ҳаргиз адо намешавад.
Ишаъё 58:11
Чунин аст роҳи онҳое ки худбоваранд, ва фарҷоми онҳое ки аз лофи худ хурсанданд. Село.
Забур 48:14
Инак, Худо бо қуввати Худ олист; кист, ки мисли Ӯ таълим диҳад?
Айюб 36:22
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
2 Янв 2026
Isaiah 42:10
1 Янв 2026
Philippians 3:13-14
31 Дек 2025
Deuteronomy 1:31
30 Дек 2025
1 Corinthians 1:8
29 Дек 2025
Ephesians 5:17
28 Дек 2025
Mark 2:5
27 Дек 2025
2 Corinthians 4:18