Барои сардори муғанниён. Суруд. Тарона. Эй тамоми аҳли замин, дар шаъни Худо бонги шодӣ занед.
Забур 65:1
Нури рӯзона
Барои сардори муғанниён. Суруд. Тарона. Эй тамоми аҳли замин, дар шаъни Худо бонги шодӣ занед.
Забур 65:1
Лекин мо як Худо дорем, яъне Худои Падар, ки ҳама чиз аз Ӯст, ва мо барои Ӯ ҳастем, ва як Худованд дорем, яъне Исои Масеҳ, ки ҳама чиз ба воситаи Ӯст, ва мо ба воситаи Ӯ ҳастем.
1 ба Қӯринтиён 8:6
То ки ҳама Писарро эҳтиром кунанд, ончунон ки Падарро эҳтиром мекунанд. Касе ки Писарро эҳтиром накунад, Падарро, ки Фиристандаи Ӯст, эҳтиром накардааст.
Инҷили Юҳанно 5:23
Бинобар ин ҳамеша ба василаи Ӯ қурбонии шукронаро ба Худо тақдим менамоем, яъне самараи лабҳоеро, ки ба исми Ӯ ҳамду сано мехонанд.
ба Ибриён 13:15
Whoever offers the sacrifice of thanksgiving glorifies me, and prepares his way so that I will show God’s salvation to him.”
Psalms 50:23
Баъд аз ин ман назар андохтам, ва инак, анбӯҳи бузурги мардум, ки онро ҳеҷ кас наметавонист ба шумор оварад, аз ҳамаи қабилаҳо ва сибтҳо, ва қавмҳо ва забонҳо дар пеши тахт ва дар пеши Барра истодаанд, ки дар тан либосҳои сафед доранд ва шохаҳои нахл ба даст гирифтаанд. Ва онҳо бо овози баланд нидо карда, мегӯянд: «Наҷот аз они Худои мо, ки бар тахт нишастааст, ва аз они Барра аст!»
Ваҳй Юҳанно 7:9-10
Ва гуфтанд: «Омин! Баракат, ва ҷалол, ва ҳикмат, ва сипос, ва шавкат, ва қудрат, ва қувват то абад аз они Худои мо бод! Омин».
Ваҳй Юҳанно 7:12
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
10 Янв 2026
1 Thessalonians 5:23
9 Янв 2026
Psalms 60:4
8 Янв 2026
Psalms 9:10
7 Янв 2026
Nehemiah 5:19
6 Янв 2026
Psalms 90:17
5 Янв 2026
Hebrews 4:3
4 Янв 2026
Deuteronomy 12:9