Ва рӯи Ӯро хоҳанд дид, ва исми Ӯ бар пешониҳошон хоҳад буд.
Ваҳй Юҳанно 22:4
Нури рӯзона
Ва рӯи Ӯро хоҳанд дид, ва исми Ӯ бар пешониҳошон хоҳад буд.
Ваҳй Юҳанно 22:4
Ман чӯпони некам, ва мансубони Худро мешиносам, ва мансубонам Маро мешиносанд:
Инҷили Юҳанно 10:14
However God’s firm foundation stands, having this seal, “The Lord knows those who are his,” and, “Let every one who names the name of the Lord depart from unrighteousness.”
2 Timothy 2:19
Худованд некӯст — дар рӯзи мусибат паноҳгоҳи мустаҳкам аст, ва паноҳбарони Худро мешиносад.
Наҳум 1:7
«Ба замин, ба баҳр, ба дараҳтон зараре нарасонед, то даме ки бар пешонии бандагони Худои мо мӯҳр занем».
Ваҳй Юҳанно 7:3
Дар Ӯ шумо низ, чун каломи ростиро, яъне башорати наҷоти худро шунидед ва ба Ӯ имон овардед, бо Рӯҳулқудси мавъуд мӯҳр зада шудаед, Ва то замоне ки мулки Худо боз харида шавад, Он гарави мероси мост барои ҳамду санои ҷалоли Ӯ.
Нома ба Эфсӯсиён 1:13-14
Ва Он ки мову шуморо дар Масеҳ устувор мегардонад ва моро тадҳин намудааст, Худост, Ки Ӯ низ моро мӯҳр задааст ва гарави Рӯҳро дар дилҳои мо андохтааст.
2 ба Қӯринтиён 1:21-22
Касе ки ғолиб ояд, вайро дар маъбади Худои Худ рукне хоҳам гардонд, ва дигар вай берун нахоҳад рафт; ва исми Худои Худро ва исми шаҳри Худои Худро, яъне Ерусалими навро, ки аз осмон аз ҷониби Худои Ман нузул мекунад, ва исми нави Худро бар вай хоҳам навишт.
Ваҳй Юҳанно 3:12
Дар он айём Яҳудо наҷот хоҳад ёфт, ва Ерусалим дар амният сокин хоҳад шуд; ва ин аст исме ки бо он хонда хоҳад шуд: „Худованд — адолати мо“.
Ирмиё 33:16
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
17 Мар 2026
Leviticus 1:4
16 Мар 2026
James 4:14
15 Мар 2026
Hebrews 2:10
14 Мар 2026
Titus 2:10
13 Мар 2026
1 Timothy 2:5
12 Мар 2026
Numbers 6:25-26
11 Мар 2026
Numbers 6:24