Панҷшанбе, 12 Март 2026

Нури рӯзона

12 Мар 2026

Ва ҳар чӣ талаб кунем, аз Ӯ меёбем, чунки аҳкоми Ӯро риоят мекунем ва он чи ба ҳузури Ӯ мақбул аст, ба амал меоварем.

1 Юҳанно 3:22

Аммо бе имон ба назари Худо писанд омадан мумкин нест; зеро ҳар кӣ сӯи Худо меояд, бояд имон дошта бошад, ки Ӯ ҳаст, ва ба толибони Худ мукофот хоҳад дод.

ба Ибриён 11:6

Бинобар ин онҳое ки ба ҳасби ҷисм зиндагӣ мекунанд, ба Худо писанд афтода наметавонанд.

Нома ба Румиён 8:8

Зеро ки Худованд ба қавми Худ таваҷҷӯҳ мекунад, ҳалимонро бо наҷот шукӯҳ мебахшад.

Забур 149:4

Зеро савоб аст, ки кас агар аз рӯи виҷдон ба хотири Худо андӯҳгин шуда, ноҳақ уқубат кашад. Зеро чӣ фахре ҳаст агар шумо барои кирдори бад шаллоқ хӯрда тоқат кунед? Аммо агар барои некӯкорӣ уқубат кашида тоқат кунед, ин мақбули Худост.

1 Петрус 2:19-20

Балки одамияти ботинии самимӣ дар рӯҳи ҳалиму сокити бефано бошад, ки ин дар назари Худо гаронбаҳост,

1 Петрус 3:4

Whoever offers the sacrifice of thanksgiving glorifies me, and prepares his way so that I will show God’s salvation to him.”

Psalms 50:23

I will praise the name of God with a song, and will magnify him with thanksgiving. It will please Yahweh better than an ox, or a bull that has horns and hoofs.

Psalms 69:30-31

Пас, шуморо, эй бародарон, ба марҳамати Худо даъват менамоям, ки ҷисмҳои худро ҳамчун қурбонии зинда, муқаддас ва писандидаи Худо тақдим кунед: ибодати оқилонаи шумо ҳамин хоҳад буд;

Нома ба Румиён 12:1

Бо зеҳни сунъӣ тарҷума шудааст, аз ҷумла иқтибосҳои Китоби Муқаддас — ҳама гуна истинодро кушоед, то онро дар Китоби Муқаддас 1992, 1999 хонед.

Барои маълумоти муффасал ба адреси электронии мо муроҷиат намоед: [email protected]

Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).

Рӯзҳои охир