Ҷумъа, 20 Март 2026

Нури рӯзона

20 Мар 2026

Ин аст насаби Нӯҳ: Нӯҳ марди одил буд, ва дар насли худ покдоман; Нӯҳ пеши Худо роҳ мерафт.

Ҳастӣ 6:9

Ва ин ки ҳеҷ кас ба воситаи шариат ба ҳузури Худо сафед намешавад, ин равшан аст, чунки одил ба воситаи имон зиндагӣ хоҳад кард.

Нома ба Ғалотиён 3:11

Ва Нӯҳ қурбонгоҳе барои Худованд бино кард; ва аз ҳар чорпои пок, ва аз ҳар паррандаи пок гирифта, қурбониҳои сӯхтанӣ бар қурбонгоҳ гузаронид. Ва Худованд атри гуворо бӯид, ва Худованд дар дили Худ гуфт: «Заминро бори дигар аз боиси одамизод лаънат накунам, зеро ки андешаи дили одам аз наврасии ӯ бад аст; ва ҳамаи ҷонваронро бори дигар талаф накунам, чунон ки кардам.

Ҳастӣ 8:20-21

Ва ҳамаи сокинони замин вайро ибодат хоҳанд кард, ҷуз онҳое ки номҳошон дар дафтари ҳаёти Барра, ки аз офариниши олам забҳ шуда буд, навишта шудааст.

Ваҳй Юҳанно 13:8

Пас, мо бо имон сафед шуда, бо Худо ба воситаи Худованди мо Исои Масеҳ сулҳу осоиштагӣ дорем,

Нома ба Румиён 5:1

Чунки бо аъмоли шариат ҳеҷ одаме пеши Ӯ сафед нахоҳад шуд; зеро ки гуноҳ ба воситаи шариат дониста мешавад. Аммо алҳол, сарфи назар аз шариат, адолати Худо зоҳир шудааст, ки Таврот ва анбиё бар он шаҳодат медиҳанд, — Адолати Худо ба воситаи имон ба Исои Масеҳ барои ҳамаи имондорон; зеро ки ҳеҷ тафовуте нест,

Нома ба Румиён 3:20-22

Касе соҳибфаҳм нест; касе толиби Худо нест;

Нома ба Румиён 3:11

Кӣ баргузидагони Худоро айбдор мекунад? Оё Худое ки сафедкунанда аст?

Нома ба Румиён 8:33

Ва ҳар киро, ки Ӯ пешакӣ муайян кардааст, онҳоро низ даъват намудааст; ва ҳар киро, ки даъват намудааст, онҳоро низ сафед кардааст; ва ҳар киро, ки сафед кардааст, онҳоро низ ҷалол додааст.

Нома ба Румиён 8:30

Бо зеҳни сунъӣ тарҷума шудааст, аз ҷумла иқтибосҳои Китоби Муқаддас — ҳама гуна истинодро кушоед, то онро дар Китоби Муқаддас 1992, 1999 хонед.

Барои маълумоти муффасал ба адреси электронии мо муроҷиат намоед: [email protected]

Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).

Рӯзҳои охир