«Андаруни шумо харобӣ ба амал овардам, монанди харобие ки Худо дар Садӯм ва Амӯро ба амал овардааст, ва шумо мисли кундаи нимсӯхтае будед, ки аз миёни оташ бароварда шуда бошад; валекин сӯи Ман барнагаштед», мегӯяд Худованд,
Омӯс 4:11
Нури рӯзона
«Андаруни шумо харобӣ ба амал овардам, монанди харобие ки Худо дар Садӯм ва Амӯро ба амал овардааст, ва шумо мисли кундаи нимсӯхтае будед, ки аз миёни оташ бароварда шуда бошад; валекин сӯи Ман барнагаштед», мегӯяд Худованд,
Омӯс 4:11
Гуноҳкорон дар Сион ба ҳарос афтодаанд, риёкоронро ларза гирифтааст: «Кист аз мо, ки тавонад дар оташи сӯзон сокин шавад? Кист аз мо, ки тавонад дар алангаи абадӣ сокин шавад?»
Ишаъё 33:14
Ва мо дар дили худ ҳукмномаи мамотро доштем, то ки ба худамон таваккал накунем, балки ба Худои эҳьёкунандаи мурдагон, Ки Ӯ моро аз чунин мамот халос кард ва ҳанӯз халос мекунад, ва ба Ӯ умед мебандем, ки боз ҳам халос хоҳад кард,
2 ба Қӯринтиён 1:9-10
Зеро ки музди гуноҳ мамот аст, аммо бахшоиши файзи Худо ҳаёти ҷовидонист ба воситаи Худованди мо Исои Масеҳ.
Нома ба Румиён 6:23
Ба дасти Худои Ҳай афтодан даҳшатангез аст!
ба Ибриён 10:31
Пас, мо, ки тарси Худовандро медонем, ба мардум насиҳат медиҳем; мо ба Худо ошкор ҳастем, ва умедворем, ки ба виҷдонҳои шумо низ ошкорем.
2 ба Қӯринтиён 5:11
preach the word; be urgent in season and out of season; reprove, rebuke, and exhort, with all patience and teaching.
2 Timothy 4:2
Яҳудо, ки бандаи Исои Масеҳ ва бародари Яъқуб аст, ба даъватшудагоне ки дар Худои Падар тақдис ёфтаанд ва дар Исои Масеҳ маҳфузанд: Марҳамат ва осоиштагӣ ва муҳаббат бар шумо фаровон бод. Эй маҳбубон! Азбаски ҷидду ҷаҳди комил дорам ба шумо дар бораи наҷоти муштараки мо бинависам, зарур донистам ба шумо насиҳате нависам, то шумо дар роҳи имоне ки як бор ба муқаддасон супурда шуд, ҷадал намоед. Зеро баъзе касон пинҳонӣ даромадаанд, ки аз қадим ба ин маҳкумият таъин шуда буданд, ва ин осиён файзи Худои моро ба фисқу фуҷур табдил медиҳанд ва Парвардигори ягона ва Исои Масеҳи Худованди моро инкор мекунанд. Ман он чиро, ки медонед, мехоҳам ба шумо хотиррасон намоям, ки агарчи Худованд қавмро аз замини Миср халос кард, баъд беимононро ба ҳалокат расонд, Ва фариштаҳоеро, ки мартабаи худро маҳфуз надоштанд, балки манзили худро тарк карданд, дар қайду банди абадӣ, дар зулмот, барои доварии рӯзи бузург нигоҳ дошт; Ҳамчунин Садӯм ва Амӯро ва шаҳрҳои атрофашон, ки ба ҳамин тарз ба зино дода шуда, аз паи инҳирофоти дигар афтода буданд, гирифтори ҷазои оташи абадӣ гардида, ҳамчун тимсол муқаррар карда шуданд. Ба ҳамин тарз ин гирифторони хобу хаёл ҷисмро палид месозанд, сардоронро рад мекунанд ва дар ҳаққи олимақомон бӯҳтон мегӯянд. Вақте ки фариштаи муқарраб Микоил бо иблис сухан ронда, дар бораи ҷасади Мусо баҳс мекард, ҷуръат накард, ки ҳукми мазамматкунандае ба забон ронад, балки гуфт: «Худованд туро ҷазо диҳад». Валекин инҳо ба ҳар чизе ки намефаҳманд, бӯҳтон мезананд, ва бо ҳар чизе ки ҳамчун ҳайвоноти безабон табиатан медонанд, худро фосид мекунанд. Вой бар ҳоли онҳо, чунки бо роҳи Қобил рафтаанд, ва мисли Билъом дар ивази музд тамоман ба иштибоҳ дода шудаанд, ва мисли Қӯраҳ дар исьён ба ҳалокат расидаанд. Инҳо олудагие дар зиёфатҳои муҳаббати шумо мебошанд, ҳангоме ки бо шумо бе ҳаросе айшу ишрат карда, шиками ҳудро мепарваранд; инҳо абрҳои беобе ҳастанд, ки бо шамол ронда мешаванд; инҳо дарахтони тирамоҳ ҳастанд, ки бесамар буда, ду карат мурдаанд ва решакан шудаанд; Инҳо мавҷҳои пуртуғьёни баҳр ҳастанд, ки кафки расвоиҳои худро боло мебароваранд; инҳо ситораҳои оворае ҳастанд, ки барояшон торикии зулмот то абад нигоҳ дошта шудааст. Ҳанӯх низ, ки баъд аз Одам насли ҳафтум буд, дар бораи инҳо нубувват карда гуфтааст: «Инак, Худованд бо беварҳои муқаддасони Худ омад, То ки бар ҳама доварӣ кунад ва ҳамаи осиёнро маҳкум намояд дар тамоми аъмоле ки маъсияташон содир кардааст, ва дар ҳамаи суханони густохонае ки дар ҳаққи Ӯ гуноҳкорони осӣ ба забон рондаанд». Инҳо шиквакунандагони аз ҳар чиз норозие ҳастанд, ки бар тибқи ҳавасҳои худ рафтор мекунанд, суханони дабдабанок мегӯянд ва барои манфиат тамаллуқ менамоянд. Аммо шумо, эй маҳбубон, суханонеро ба ҳотир оваред, ки пештар ҳаввориёни Исои Масеҳи Худованди мо гуфтаанд: Онҳо ба шумо гуфтаанд, ки дар замони охир масхарабозоне пайдо хоҳанд шуд, ки бар тибқи ҳавасҳои осиёнаи худ рафтор хоҳанд кард. Инҳо касоне ҳастанд, ки ҷудоиҳо ба миён меоваранд; инҳо касони нафсоние ҳастанд, ки рӯҳ надоранд. Валекин шумо, эй маҳбубон, худро бо имони бағоят муқаддасатон обод кунед, ва дар Рӯҳулқудс дуо гуфта, Худро дар муҳаббати Худо нигоҳ доред ва марҳамати Исои Масеҳи Худованди моро, ки ҳаёти ҷовидонӣ меоварад, мунтазир бошед. Ба баъзе касон, ки шубҳа мекунанд, мушфиқ бошед; Баъзеи дигарро бо ваҳм наҷот дода, аз оташ берун оваред; бо ваҳм раҳм карда, ҳатто аз либосе ки бо ҷисм палид шудааст, нафрат намоед. Ва Ӯро, ки қодир аст шуморо аз фурӯ ғалтидан нигоҳ дорад ва дар шодӣ беайб ба ҳузури ҷалоли Худ биистонад, Яъне Худои ҳакими якто ва Наҷотдиҳандаи моро, ба воситаи Исои Масеҳи Худованди мо, ҷалол ва шавкат, қудрат ва салтанат бод аз азал ва дар замони ҳозира ва то абад. Омин.
Яҳудо 1
Ва ӯ ба ман ҷавоб гардонда, гуфт: «Ин каломи Худованд аст, ки барои Зарубобил гуфта шудааст: на бо ҷасорат ва на бо қувват, балки бо Рӯҳи Ман, мегӯяд Худованди лашкарҳо.
Закариё 4:6
who desires all people to be saved and come to full knowledge of the truth.
1 Timothy 2:4
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
2 Апр 2026
1 John 5:21
1 Апр 2026
Galatians 5:22
31 Мар 2026
Philippians 4:19
30 Мар 2026
Genesis 24:63
29 Мар 2026
Matthew 25:34
28 Мар 2026
Joshua 1:18
27 Мар 2026
Proverbs 11:18