Озмоише ки ба сари шумо омадааст, ҷуз озмоиши оддии инсонӣ чизи дигаре нест; ва Худо амин аст, ва Ӯ намегузорад, ки шумо берун аз қуввати худ озмуда шавед, балки дар баробари озмоиш сабукӣ ҳам медиҳад, то ки шумо тоб оварда тавонед.
1 ба Қӯринтиён 10:13
Худо одамизод нест, ки дурӯғ бигӯяд,
ва писари одам нест, ки аз ваъдаи худ пушаймон шавад:
оё Ӯ сухане мегӯяд — ва ба ҷо намеоварад?
Ва оё Ӯ қавле медиҳад — ва иҷро намекунад?
Ададҳо 23:19
Зеро ки онҳо бе қасам коҳин шудаанд, аммо Ӯ бо қасам, чунки дар ҳаққи Ӯ гуфта шудааст:
«Худованд қасам хӯрдааст,
ва таассуф нахоҳад хӯрд:
Ту коҳин ҳастӣ то абад, ба монанди Малкисодақ», —
ба Ибриён 7:21
Бинобар ин Худо, ки мехост тағьирнопазирии иродаи Худро ба ворисони ваъда пурратар нишон диҳад, қасамро ба кор бурд,
То бо ду чизи тағьирнопазир, ки дар онҳо дурӯғ гуфтани Худо мумкин нест, барои мо, ки паноҳ ёфтаем ва ба умеде ки пешниҳод шудааст, часпидаем, тасаллои пурзӯре бошад.
ба Ибриён 6:17-18
Пас, онҳое ки бар тибқи иродаи Худо уқубат мекашанд, бигзор ҷонҳои худро ба Офаридагори амин супоранд ва некӣ кунанд.
1 Петрус 4:19
For this cause I also suffer these things.
Yet I am not ashamed, for I know him whom I have believed, and I am persuaded that he is able to guard that which I have committed to him against that day.
2 Timothy 1:12
He who calls you is faithful, who will also do it.
1 Thessalonians 5:24