Yes, and all who desire to live godly in Christ Jesus will suffer persecution.
2 Timothy 3:12
Нури рӯзона
Yes, and all who desire to live godly in Christ Jesus will suffer persecution.
2 Timothy 3:12
Зеро ки омадаам, то одамро аз падараш, духтарро аз модараш ва келинро аз модаршӯяш чудо кунам. Ва душмани одам аҳли хонаи ӯ хоҳанд буд.
Инҷили Матто 10:35-36
Эй зинокорон! Оё намедонед, ки дӯстӣ бо дуньё душманӣ бо Худост? Пас, касе ки мехоҳад дӯсти дуньё бошад, душмани Худо мегардад.
Яъқуб 4:4
Ҷаҳонро дӯст надоред, на он чиро, ки дар ҷаҳон аст: касе ки ҷаҳонро дӯст медорад, дар вай муҳаббати Падар нест; Зеро ҳар чи дар ҷаҳон аст: шаҳвати ҷисм, ҳаваси чашмон ва ғурури зиндагонӣ — аз Падар нест, балки аз ин ҷаҳон аст.
1 Юҳанно 2:15-16
Агар ҷаҳон аз шумо нафрат кунад, бидонед, ки пеш аз шумо аз Ман нафрат кардааст. Агар шумо аз ҷаҳон мебудед, ҷаҳон мансубони худро дӯст медошт; лекин азбаски шумо аз ҷаҳон нестед, балки Ман шуморо аз ҷаҳон баргузидаам, аз ин сабаб ҷаҳон аз шумо нафрат мекунад. Каломеро, ки ба шумо гуфтам, дар хотир нигоҳ доред: „Ғулом бузургтар аз оғои худ нест“. Агар Маро таъқиб карданд, шуморо низ таъқиб хоҳанд кард; агар каломи Маро риоя карданд, каломи шуморо низ риоя хоҳанд кард;
Инҷили Юҳанно 15:18-20
Ман каломи Туро ба онҳо супурдам, ва ҷаҳон аз онҳо нафрат кард, чунки онҳо аз ҷаҳон нестанд, чунон ки Ман низ аз ҷаҳон нестам.
Инҷили Юҳанно 17:14
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
9 Апр 2026
Isaiah 43:1
8 Апр 2026
1 Corinthians 1:5
7 Апр 2026
2 Corinthians 6:10
6 Апр 2026
Hebrews 7:25
5 Апр 2026
Genesis 32:26
4 Апр 2026
Revelation 1:17
3 Апр 2026
2 Peter 3:8-9