Чунки ҳама гуноҳ карда, аз ҷалоли Худо маҳрум шудаанд
Нома ба Румиён 3:23
Нури рӯзона
Чунки ҳама гуноҳ карда, аз ҷалоли Худо маҳрум шудаанд
Нома ба Румиён 3:23
Чунон ки навишта шудааст: «Касе одил нест, як нафар ҳам нест;
Нома ба Румиён 3:10
Ҳама гумроҳ шудаанд, аз як сар ношояманд: некӯкоре нест, як нафар ҳам нест.
Нома ба Румиён 3:12
Дар асл одами одиле дар рӯи замин нест, ки некӣ кунад ва хатое содир нанамояд.
Воиз 7:20
Вале инсон чӣ гуна ба ҳузури Худо одил шавад? Ва зодаи зан чӣ гуна пок бошад?
Айюб 25:4
Пас, дар сурате ки ваъдаи дохилшавӣ ба оромии Ӯ ҳанӯз боқист, мо хавотир хоҳем дошт, мабодо маълум гардад, ки касе аз шумо муваффақ нашудааст.
ба Ибриён 4:1
Чаро ба бадӣ фахр мекунӣ, эй зӯровар? Эҳсони Худо ҳамеша бо мост.
Забур 51:3
Бадиро аз некӣ бештар дӯст медорӣ, ва дурӯғро аз ҳақгӯӣ бештар. Село.
Забур 51:5
Ва Довуд ба Нотон гуфт: «Ман пеши Худованд гуноҳ кардаам». Ва Нотон ба Довуд гуфт: «Худованд низ аз гуноҳат гузароӣ кардааст; ту нахоҳӣ мурд.
2 Подшоҳон 12:13
Ва ҳар киро, ки Ӯ пешакӣ муайян кардааст, онҳоро низ даъват намудааст; ва ҳар киро, ки даъват намудааст, онҳоро низ сафед кардааст; ва ҳар киро, ки сафед кардааст, онҳоро низ ҷалол додааст.
Нома ба Румиён 8:30
Аммо ҳамаи мо, бо рӯи кушода, мисли он ки дар оина бошад, ба ҷалоли Худованд нигариста, ба ҳамон сурат аз ҷалол ба ҷалол табдил меёбем, ва ин аз Худованд, яъне аз Рӯҳ аст.
2 ба Қӯринтиён 3:18
Фақат ба шарте ки шумо дар имон матин ва устувор бошед ва аз умеди башорате ки шунидаед, ҷудо нашавед, ки он ба тамоми махлуқоти зери осмон мавъиза карда шудааст, ва ман, Павлус, хизматгузори он гардидаам.
Нома ба Қӯлассиён 1:23
to the end that you should walk worthily of God, who calls you into his own Kingdom and glory.
1 Thessalonians 2:12
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
11 Апр 2026
Proverbs 10:19
10 Апр 2026
Song of Solomon 1:5
9 Апр 2026
Isaiah 43:1
8 Апр 2026
1 Corinthians 1:5
7 Апр 2026
2 Corinthians 6:10
6 Апр 2026
Hebrews 7:25
5 Апр 2026
Genesis 32:26