Амин аст Худое ки шуморо ба ширкати Писари Худ Исои Масеҳи Худованди мо даъват намудааст.
1 ба Қӯринтиён 1:9
Нури рӯзона
Амин аст Худое ки шуморо ба ширкати Писари Худ Исои Масеҳи Худованди мо даъват намудааст.
1 ба Қӯринтиён 1:9
Ва Писаре хоҳад зоид, ва ту Ӯро Исо хоҳӣ номид; зеро ки Ӯ қавми Худро аз гуноҳҳошон наҷот хоҳад дод».
Инҷили Матто 1:21
Ва Худро фурӯтан сохта, то вақти мамот, то дами мавти салиб фармонбардор буд. Бинобар ин Худо низ Ӯро сарафроз кард ва ба Ӯ номе дод, ки аз ҳар ном болотар аст, То ки ба исми Исо ҳар зонуе ки дар осмон ва бар замин ва зери замин аст, хам шавад,
Нома ба Филиппиён 2:8-10
Зан ба Ӯ гуфт: «Медонам, ки Христос, яъне Масеҳ меояд: чун Ӯ ояд, аз ҳар чиз ба мо хабар хоҳад дод».
Инҷили Юҳанно 4:25
Рӯҳи Худованд Худо бар Ман аст, зеро ки Худованд Маро тадҳин намудааст: Маро фиристодааст, то ки ба мискинон башорат диҳам, шикастадилонро шифо бахшам, озодиро ба асирон ва фатҳи зиндонро ба бандиён эълон намоям;
Ишаъё 61:1
Тумо дар ҷавоби Ӯ гуфт: «Эй Худованди ман ва эй Худои ман!»
Инҷили Юҳанно 20:28
Шумо Маро Устод ва Худованд мегӯед ва рост мегӯед, зеро ки Ман чунин ҳастам. Пас, агар Ман, ки Устод ва Худованд ҳастам, пойҳои шуморо шустаам, шумо ҳам бояд пойҳои якдигарро бишӯед: Зеро ба шумо намунае нишон додам, то, чунон ки Ман бо шумо кардам, шумо низ бикунед.
Инҷили Юҳанно 13:13-15
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
20 Май 2026
1 Timothy 4:16
19 Май 2026
Psalms 51:2
18 Май 2026
John 5:26
17 Май 2026
Ezekiel 20:19
16 Май 2026
Romans 1:1
15 Май 2026
Revelation 21:4
14 Май 2026
Philippians 3:10