Якшанбе, 17 Май 2026

Нури рӯзона

17 Май 2026

Then you spoke in vision to your saints, and said, “I have given strength to the warrior. I have exalted a young man from the people.

Psalms 89:19

Зеро ки Ӯ фариштагонро дастгирӣ накардааст, балки насли Иброҳимро дастгирӣ кардааст.

ба Ибриён 2:16

Бинобар ин Ӯ мебоист аз ҳар ҷиҳат ба бародарони Худ монанд мешуд, то ки Саркоҳини раҳим ва амине ба ҳузури Худо бошад, барои он ки гуноҳҳои қавмро кафорат кунад,

ба Ибриён 2:17

Ва дар фалаке ки бар сари онҳо буд, сурати тахте дида мешуд, ки намуди санги ёқути кабудро дошт; ва бар сурати тахт сурате мисли намуди одамизод бар болои он буд.

Ҳизқиёл 1:26

Ҳеҷ кас ба осмон сууд накардааст, магар фақат Он ки аз осмон нузул кардааст, яъне Писари Одам, ки ҷояш дар осмон аст;

Инҷили Юҳанно 3:13

Ба дастҳои Ман ва ба пойҳои Ман нигоҳ кунед: ин Худи Ман ҳастам; Маро ламс кунед ва бубинед; зеро ки рӯҳ гӯшт ва устухон надорад, чунон ки дар Ман мебинед».

Инҷили Луқо 24:39

Балки Худро кам дониста, ба сурати ғулом даромад ва ба одамон монандӣ пайдо карда, ба зоҳир мисли одамизод шуд, Ва Худро фурӯтан сохта, то вақти мамот, то дами мавти салиб фармонбардор буд. Бинобар ин Худо низ Ӯро сарафроз кард ва ба Ӯ номе дод, ки аз ҳар ном болотар аст, То ки ба исми Исо ҳар зонуе ки дар осмон ва бар замин ва зери замин аст, хам шавад,

Нома ба Филиппиён 2:7-10

Бедор бош ва бақиятеро, ки наздик ба мурдан аст, устувор намо, зеро ки Ман аъмоли туро дар пеши Худои Худ комил наёфтаам.

Ваҳй Юҳанно 3:2

Бо зеҳни сунъӣ тарҷума шудааст, аз ҷумла иқтибосҳои Китоби Муқаддас — ҳама гуна истинодро кушоед, то онро дар Китоби Муқаддас 1992, 1999 хонед.

Барои маълумоти муффасал ба адреси электронии мо муроҷиат намоед: [email protected]

Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).

Рӯзҳои охир