Худо одамизод нест, ки дурӯғ бигӯяд, ва писари одам нест, ки аз ваъдаи худ пушаймон шавад: оё Ӯ сухане мегӯяд — ва ба ҷо намеоварад? Ва оё Ӯ қавле медиҳад — ва иҷро намекунад?
Ададҳо 23:19
Нури рӯзона
Худо одамизод нест, ки дурӯғ бигӯяд, ва писари одам нест, ки аз ваъдаи худ пушаймон шавад: оё Ӯ сухане мегӯяд — ва ба ҷо намеоварад? Ва оё Ӯ қавле медиҳад — ва иҷро намекунад?
Ададҳо 23:19
Ҳар як инъоми нек ва ҳар як бахшоиши комил аз боло, аз ҷониби Падари нурҳо нозил мешавад, ки дар Ӯ тағьироте ва ҳеҷ дигаргуние мавҷуд нест.
Яъқуб 1:17
Исои Масеҳ дирӯз ва имрӯз ва то абад айни ҳамон аст.
ба Ибриён 13:8
Бар сози даҳтор ва бар уд, бар нағмаи барбат.
Забур 91:4
Бинобар ин Худо, ки мехост тағьирнопазирии иродаи Худро ба ворисони ваъда пурратар нишон диҳад, қасамро ба кор бурд, То бо ду чизи тағьирнопазир, ки дар онҳо дурӯғ гуфтани Худо мумкин нест, барои мо, ки паноҳ ёфтаем ва ба умеде ки пешниҳод шудааст, часпидаем, тасаллои пурзӯре бошад.
ба Ибриён 6:17-18
Пас бидон, ки Худованд Худои ту Худост, Худои амин аст, ки аҳд ва марҳамати Худро ба онҳое ки Ӯро дӯст медоранд ва аҳкомашро риоя менамоянд, то ҳазор насл нигоҳ медорад,
Такрори Шариат 7:9
Ки дар дастҳошон фисқу фуҷур аст, ва яминашон пур аз ришва.
Забур 25:10
Худованди мо бузург аст ва пурқувват; хиради Ӯ беҳадду беканор аст. Ҳалимонро Худованд тақвият медиҳад; шариронро то ба замин паст мезанад.
Забур 146:5-6
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
19 Авг 2025
1 Peter 1:15
18 Авг 2025
Deuteronomy 3:24
17 Авг 2025
James 5:16
16 Авг 2025
1 Chronicles 22:5
15 Авг 2025
Hebrews 13:20-21
14 Авг 2025
Nehemiah 8:10
13 Авг 2025
Hebrews 11:16