Балки, чунон ки Даъваткунандаи шумо муқаддас аст, худатон низ дар тамоми рафторатон муқаддас бошед,
1 Петрус 1:15
Нури рӯзона
Балки, чунон ки Даъваткунандаи шумо муқаддас аст, худатон низ дар тамоми рафторатон муқаддас бошед,
1 Петрус 1:15
As you know, we exhorted, comforted, and implored every one of you, as a father does his own children, to the end that you should walk worthily of God, who calls you into his own Kingdom and glory.
1 Thessalonians 2:11-12
Лекин шумо насли баргузида, каҳонати шоҳона, халқи муқаддас, қавме ҳастед, ки мулки азизи Худо дониста шудаед, то аз камолоти Ӯ, ки шуморо аз зулмот ба рӯшноии аҷоиби Худ даъват намудааст, нақл кунед, —
1 Петрус 2:9
Зеро ки шумо як вақте зулмот будед, вале ҳоло нуре дар Худованд ҳастед: чун фарзандони нур рафтор кунед, Чунки самари нур аз ҳар меҳрубонӣ, адолат ва ростӣ иборат аст; Ва таҳқиқ кунед, то бидонед он чи, ки Худо меписандад, чист. Ва дар аъмоли бесамари зулмот иштирок накунед, балки онҳоро фош намоед.
Нома ба Эфсӯсиён 5:8-11
Ва аз самари адолат пур шавед, ки он ба василаи Исои Масеҳ барои ҷалол ва ҳамду санои Худост.
Нома ба Филиппиён 1:11
Ҳамчунин бигзор нури шумо бар мардум битобад, то ки аъмоли неки шуморо дида, ба Падари шумо, ки дар осмон аст, ҳамду сано хонанд.
Инҷили Матто 5:16
Хуллас, хоҳ мехӯред, хоҳ менӯшед, ё кори дигаре мекунед, ҳамаашро барои ҷалоли Худо ба ҷо оваред.
1 ба Қӯринтиён 10:31
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
18 Авг 2025
Deuteronomy 3:24
17 Авг 2025
James 5:16
16 Авг 2025
1 Chronicles 22:5
15 Авг 2025
Hebrews 13:20-21
14 Авг 2025
Nehemiah 8:10
13 Авг 2025
Hebrews 11:16
12 Авг 2025
Lamentations 3:31-32