Аммо иштиёқманди ватани беҳтаре буданд, ки он дар осмон аст; бинобар ин Худо ор намедонад, ки Худои онҳо хонда шавад: зеро ки Ӯ барои онҳо шаҳре муҳайё кардааст.
ба Ибриён 11:16
Нури рӯзона
Аммо иштиёқманди ватани беҳтаре буданд, ки он дар осмон аст; бинобар ин Худо ор намедонад, ки Худои онҳо хонда шавад: зеро ки Ӯ барои онҳо шаҳре муҳайё кардааст.
ба Ибриён 11:16
Ва ҳангоме ки биравам ва барои шумо ҷой тайёр кунам, боз омада, шуморо бо Худ мебарам, то дар он ҷое ки Ман ҳастам, шумо низ бошед.
Инҷили Юҳанно 14:3
Барои мероси бефано, пок ва пажмурданашаванда, ки дар осмон барои шумо маҳфуз аст,
1 Петрус 1:4
Зеро дар ин ҷо шаҳри доимие надорем, балки ояндаро ҷустуҷӯ менамоем.
ба Ибриён 13:14
Ва гуфтанд: «Эй мардони Ҷалил! Чаро ин ҷо истода, сӯи осмон нигаронед? Ҳамин Исо, ки аз пеши шумо ба осмон боло бурда шуд, чӣ тавре ки Ӯро сӯи осмон равона дидед, боз ҳамон тавр хоҳад баргашт».
Аъмоли Ҳаввориён 1:11
Пас, эй бародарон, то вақти омадани Худованд пурсабр бошед. Инак, зироаткор самараи гаронбаҳои заминро интизор мешавад ва барои ин бисьёр сабр мекунад, то даме ки борони аввалин ва охирин биборад. Шумо низ сабр кунед, дилҳои худро қавӣ гардонед, чунки омадани Худованд наздик аст.
Яъқуб 5:7-8
Зеро ки баъд аз андаке он Оянда хоҳад омад ва даранг нахоҳад кард.
ба Ибриён 10:37
then we who are alive, who are left, will be caught up together with them in the clouds, to meet the Lord in the air. So we will be with the Lord forever. Therefore comfort one another with these words.
1 Thessalonians 4:17-18
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
12 Авг 2025
Lamentations 3:31-32
11 Авг 2025
Hebrews 2:14
10 Авг 2025
John 17:15
9 Авг 2025
Song of Solomon 4:7
8 Авг 2025
Proverbs 4:18
7 Авг 2025
John 14:26
6 Авг 2025
Proverbs 3:12