Зеро ки ҳеҷ яке аз мо барои худ зист намекунад, ва ҳеҷ яке барои худ намемирад.
Зеро ки агар зист кунем, барои Худованд зист мекунем, ва агар бимирем, барои Худованд мемирем. Бинобар ин, хоҳ зист кунем, хоҳ бимирем, ба Худованд тааллуқ дорем.
Нома ба Румиён 14:7-8
Ҳеҷ кас нафъи худро толиб набошад, балки нафъи дигаронро.
1 ба Қӯринтиён 10:24
Зеро ки шумо ба нархи гарон ҳарида шудаед. Пас, дар ҷисмҳои худ ва дар ҷонҳои худ Худоро ҳамду сано кунед, ки онҳо ба Худо тааллуқ доранд.
1 ба Қӯринтиён 6:20
Ва ман яқин дорам ва умедворам, ки дар ҳеҷ хусус шарманда нахоҳам шуд, балки бо камоли ҷуръат ҳозир ҳам, чунон ки ҳамеша буд, Масеҳ дар ҷисми ман бузургӣ хоҳад ёфт, хоҳ дар ҳаёт бошад, хоҳ дар мамот.
Зеро ки барои ман ҳаёт — Масеҳ аст, ва мамот — фоида аст.
Аммо агар ба ҳасби ҷисм дар ҳаёт буданам ба кори ман самаре мебахшида бошад, пас намедонам, ки кадомашро интихоб намоям.
Ҳар дуяш ҳам маро ҷазб мекунад: орзу дорам, ки баромада равам ва ҳамроҳи Масеҳ бошам, чунки ин беандоза беҳтар аст;
Нома ба Филиппиён 1:20-23
Зеро ки ман ба воситаи шариат ба шариат мурдаам, то ки барои Худо зиндагӣ кунам.
Ман бо Масеҳ маслуб шудаам. Ва акнун на ман зиндагӣ мекунам, балки Масеҳ дар ман зиндагӣ мекунад. Ва ин ки ҳоло дар ҷисм зиндагӣ мекунам, ин яъне бо имон ба Писари Худо зиндагӣ мекунам, ки Ӯ маро дӯст дошт ва Худро барои ман таслим кард.
Нома ба Ғалотиён 2:19-20