Ба аҳволи ман шодӣ накун, эй душмани ман! Зеро, агарчи фурӯ ғалтидаам, хоҳам бархост; зеро, агарчи дар торикӣ нишастаам, Худованд нур аст барои ман.
Мико 7:8
Нури рӯзона
Ба аҳволи ман шодӣ накун, эй душмани ман! Зеро, агарчи фурӯ ғалтидаам, хоҳам бархост; зеро, агарчи дар торикӣ нишастаам, Худованд нур аст барои ман.
Мико 7:8
Вақте ки аз обҳо бигзарӣ, Ман бо ту хоҳам буд, ва аз наҳрҳо бигзарӣ, онҳо туро ғарқ нахоҳад кард; вақте ки аз миёни оташ қадамгузор шавӣ, нахоҳӣ сӯхт, ва аланга туро нахоҳад сӯзонид, Зеро ки Ман Худованд Худои ту, Қуддуси Исроил, Наҷотдиҳандаи ту ҳастам; Мисрро барои ту фидия додаам, Ҳабаш ва Саборо — дар ивази ту.
Ишаъё 43:2-3
Ва кӯронро бо роҳе ки намедонанд, хоҳам бурд; онҳоро бо тариқҳое ки балад нестанд, ҳидоят хоҳам намуд; торикиро пеши онҳо ба рӯшноӣ, ва каҷукилебиҳоро ба роҳи рост табдил хоҳам дод. Ин корҳоро Ман барояшон ба ҷо хоҳам овард, ва онҳоро тарк нахоҳам кард.
Ишаъё 42:16
Каси покизадаст ва покдил, ки ҷонаш ба орзуҳои беҳуда нигаронида нашуда бошад, ва қасами дурӯғ нахӯрда бошад, —
Забур 23:4
Таронаи Довуд. Сӯи Ту, эй Худованд, мехонам. Эй кӯҳпораи ман, аз пешам хомӯш нагузар: мабодо аз пешам хомӯш гузарӣ, ва ман мисли фурӯравандагони гӯр гардам.
Забур 27:1
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
19 Ноя 2025
Matthew 7:20
18 Ноя 2025
Isaiah 27:8
17 Ноя 2025
Psalms 92:5
16 Ноя 2025
John 17:17
15 Ноя 2025
1 Corinthians 1:9
14 Ноя 2025
Psalms 40:17
13 Ноя 2025
Ephesians 5:25-26