Ҳар он чи Падар ба Ман ато кунад, назди Ман хоҳад омад, ва ҳар кӣ назди Ман ояд, бадар нахоҳам ронд.
Инҷили Юҳанно 6:37
Нури рӯзона
Ҳар он чи Падар ба Ман ато кунад, назди Ман хоҳад омад, ва ҳар кӣ назди Ман ояд, бадар нахоҳам ронд.
Инҷили Юҳанно 6:37
Зеро ки он ягона пӯшоки вай аст, либосе барои бадани вай аст; пас, вай чӣ пӯшида хоб равад? Ва агар вай сӯи Ман нола кунад, — Ман хоҳам шунид, зеро ки Ман карим ҳастам.
Хуруҷ 22:27
Бо вуҷуди ҳамаи ин, ҳангоме ки онҳо дар замини душманони худ бошанд, Ман аз онҳо нафрат нахоҳам кард ва аз онҳо карохат нахоҳам дошт, то ба дараҷае ки онҳоро маҳв намоям ва аҳди Худро, ки бо онҳо бастаам, поймол кунам; зеро ки Ман Худованд Худои онҳо ҳастам.
Ибодат 26:44
Валекин Ман аҳди Худро, ки дар айёми ҷавоният бо ту бастаам, ба ёд хоҳам овард, ва аҳди ҷовидоние бо ту аз нав барқарор хоҳам кард.
Ҳизқиёл 16:60
«Биёед исбот намоем, — мегӯяд Худованд, — агар гуноҳҳои шумо мисли қирмиз бошад, мисли барф сафед хоҳад шуд; агар мисли арғувон сурх бошад, мисли пашм хоҳад шуд.
Ишаъё 1:18
Бигзор шарир роҳи худро, ва шахси бадкор фикрҳои худро тарк карда, сӯи Худованд баргардад, ва Ӯ ба вай раҳм хоҳад кард; ва сӯи Худои мо баргардад, зеро ки Ӯ бисьёр меомурзад.
Ишаъё 55:7
Ва ба Исо гуфт: «Эй Худованд, вақте ки ба Малакути Худ бирасӣ, маро ба ёд овар!» Ва Исо ба вай гуфт: «Ба ростӣ ба ту мегӯям, ки имрӯз бо Ман дар биҳишт хоҳӣ буд».
Инҷили Луқо 23:42-43
Наи нимшикастаро нахоҳад шикаст, ва пилтаи катонии камнурро хомӯш нахоҳад кард; инсофро аз рӯи ростӣ ҷорӣ хоҳад намуд;
Ишаъё 42:3
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
20 Ноя 2025
Micah 7:8
19 Ноя 2025
Matthew 7:20
18 Ноя 2025
Isaiah 27:8
17 Ноя 2025
Psalms 92:5
16 Ноя 2025
John 17:17
15 Ноя 2025
1 Corinthians 1:9
14 Ноя 2025
Psalms 40:17