Хуллас, эй бародарони маҳбуби ман, матину устувор бошед, ҳамеша дар кори Худованд ҷадал намоед, ва бидонед, ки меҳнати шумо пеши Худованд бар абас нест.
1 ба Қӯринтиён 15:58
Нури рӯзона

Пас, чӣ тавре ки Исои Масеҳро ба унвони Худованд қабул кардаед, ҳамон тавр дар Ӯ рафтор намоед, Ки дар Ӯ реша давонда ва бино ёфта, дар имон мустаҳкам шудаед, чунон ки таълим гирифтаед ва шукри зиёде дар он мегӯед.
Нома ба Қӯлассиён 2:6-7
Лекин ҳар кӣ то охир сабр кунад, наҷот хоҳад ёфт.
Инҷили Матто 24:13
Ва афтода дар хоки нағз касоне мебошанд, ки каломро шунида, дар дили нек ва пок нигоҳ медоранд ва бо сабр самар меоваранд.
Инҷили Луқо 8:15
На ба он сабаб ки гӯё мо бар имони шумо ҳукмфармо мешуда бошем; балки мо ба шодмонии шумо мадад мерасонем, зеро ки шумо ба василаи имон устувор ҳастед.
2 ба Қӯринтиён 1:24
То вақте ки рӯз аст, Ман бояд аъмоли Фиристандаи Худро ба ҷо оварам; шаб ки ояд, ҳеҷ кас наметавонад коре бикунад;
Инҷили Юҳанно 9:4
Касе ки барои ҷисми худ мекорад, аз ҷисм фаноро хоҳад даравид, ва касе ки барои Рӯҳ мекорад, аз Рӯҳ ҳаёти ҷовидониро хоҳад даравид. Ва мо некӣ карда, ноумед нашавем; зеро ки дар вақташ хоҳем даравид, агар сустӣ накунем. Аз ин рӯ, то даме ки фурсат дорем, ба ҳама некӣ кунем, алалхусус ба аҳли имони худ.
Нома ба Ғалотиён 6:8-10
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
25 Дек 2025
Titus 3:4
24 Дек 2025
Romans 8:13
23 Дек 2025
Isaiah 27:5
22 Дек 2025
1 Thessalonians 1:3
21 Дек 2025
Isaiah 60:20
20 Дек 2025
Ephesians 1:4
19 Дек 2025
Psalms 112:4