Ҳангоме ки мо на ба чизҳои намоён, балки ба чизҳои нонамоён нигоҳ мекунем: зеро ки он чи намоён аст, муваққатист, аммо он чи нонамоён аст, абадист.
2 ба Қӯринтиён 4:18
Нури рӯзона
Ҳангоме ки мо на ба чизҳои намоён, балки ба чизҳои нонамоён нигоҳ мекунем: зеро ки он чи намоён аст, муваққатист, аммо он чи нонамоён аст, абадист.
2 ба Қӯринтиён 4:18
Зеро дар ин ҷо шаҳри доимие надорем, балки ояндаро ҷустуҷӯ менамоем.
ба Ибриён 13:14
Зеро ки шумо ба занҷирҳои ман низ ҳамдардӣ изҳор кардед, ва тороҷи дороии худро бо шодмонӣ қабул кардед, чун медонистед, ки шумо дар осмон молу мулки беҳтар ва бобақое доред.
ба Ибриён 10:34
Натарс, эй рамаи хурд! Зеро ки Падари шумо таваҷҷӯҳ намудааст, ки Малакутро ба шумо ато кунад.
Инҷили Луқо 12:32
Дар ин бора шодӣ кунед, дар сурате ки ҳоло, агар лозим шавад, аз озмоишҳои гуногун андаке андӯҳгин мешавед.
1 Петрус 1:6
Дар он ҷо шарирон хашмгиниро бас мекунанд, ва дар он ҷо бемаҷолон ором меёбанд.
Айюб 3:17
Зеро мо, ки дар ин хайма мебошем, дар таҳти боре оҳ мекашем, чунки намехоҳем либос кашем, балки дар бар кунем, то ки чизи миранда ба воситаи ҳаёт фурӯ бурда шавад.
2 ба Қӯринтиён 5:4
Ва Худо ҳар ашкро аз чашмони онҳо пок хоҳад кард, ва мамот дигар нахоҳад буд; ва гирья ва фиғон ва дард дигар нахоҳад буд; зеро он чи пештар буд, гузашт».
Ваҳй Юҳанно 21:4
Зеро, ба ақидаи ман, азобу уқубатҳои замони ҳозира назар ба он ҷалоле ки дар мо зоҳир хоҳад шуд, ҳеҷ аст.
Нома ба Румиён 8:18
Зеро уқубати сабуки мо, ки кӯтоҳмуддат аст, ҷалоли абадиро барои мо ба андозаи бениҳоят бузург ба вуҷуд меоварад,
2 ба Қӯринтиён 4:17
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
26 Дек 2025
1 Corinthians 15:58
25 Дек 2025
Titus 3:4
24 Дек 2025
Romans 8:13
23 Дек 2025
Isaiah 27:5
22 Дек 2025
1 Thessalonians 1:3
21 Дек 2025
Isaiah 60:20
20 Дек 2025
Ephesians 1:4