Шунидед, ки ба шумо гуфтам: „Меравам ва назди шумо бармегардам“. Агар Маро дӯст медоштед, шод мешудед, ки гуфтам: „Назди Падар меравам“; зеро ки Падар аз Ман бузургтар аст.
Инҷили Юҳанно 14:28
Нури рӯзона
Шунидед, ки ба шумо гуфтам: „Меравам ва назди шумо бармегардам“. Агар Маро дӯст медоштед, шод мешудед, ки гуфтам: „Назди Падар меравам“; зеро ки Падар аз Ман бузургтар аст.
Инҷили Юҳанно 14:28
Ба онҳо гуфт: «Вақте ки дуо мегӯед, чунин бигӯед: „Эй Падари мо, ки дар осмонӣ! Исми Ту муқаддас бод; Малакути Ту биёяд; иродаи Ту, чунон ки дар осмон аст, дар замин ҳам ба амал ояд;
Инҷили Луқо 11:2
Исо ба вай гуфт: «Ба Ман даст нарасон, зеро ки ҳанӯз назди Падари Худ сууд накардаам; лекин назди бародарони Ман рафта, ба онҳо бигӯ: Ман назди Падари Худ ва Падари шумо, назди Худои Худ ва Худои шумо сууд мекунам».
Инҷили Юҳанно 20:17
Лекин, то ҷаҳон бидонад, ки Ман Падарро дӯст медорам, чунон ки Падар ба Ман ҳукм кард, амал мекунам: бархезед, аз ин ҷо биравем.
Инҷили Юҳанно 14:31
Оё бовар намекунӣ, ки Ман дар Падар ҳастам, ва Падар дар Ман? Суханоне ки Ман ба шумо мегӯям, аз Худ намегӯям; Падаре ки дар Ман сокин аст, Ӯ ин аъмолро мекунад.
Инҷили Юҳанно 14:10
Падар Писарро дӯст медорад ва ҳама чизро ба дасти Ӯ додааст.
Инҷили Юҳанно 3:35
Зеро ки Ӯро бар тамоми башар қудрат додаӣ, то ки ба ҳар кӣ Ту ба Ӯ бахшидаӣ, ҳаёти ҷовидонӣ бидиҳад:
Инҷили Юҳанно 17:2
Филиппус ба Ӯ гуфт: «Худовандо! Падарро ба мо нишон деҳ, ва ин барои мо кофист». Исо ба вай гуфт: «Ин қадар вақт Ман бо шумо будам, ва ту Маро нашинохтӣ, Филиппус? Ҳар кӣ Маро бинад, Падарро дидааст; пас чӣ тавр мегӯӣ: „Падарро ба мо нишон деҳ“? Оё бовар намекунӣ, ки Ман дар Падар ҳастам, ва Падар дар Ман? Суханоне ки Ман ба шумо мегӯям, аз Худ намегӯям; Падаре ки дар Ман сокин аст, Ӯ ин аъмолро мекунад.
Инҷили Юҳанно 14:8-10
Ман ва Падар як ҳастем».
Инҷили Юҳанно 10:30
Чунон ки Падар Маро дӯст доштааст, Ман низ шуморо дӯст доштаам; дар муҳаббати Ман бимонед. Агар аҳкоми Маро риоят кунед, дар муҳаббати Ман хоҳед монд, чунон ки Ман аҳкоми Падари Худро риоят кардам, ва дар муҳаббати Ӯ мемонам.
Инҷили Юҳанно 15:9-10
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
13 Янв 2026
Isaiah 26:3
12 Янв 2026
Jude 25
11 Янв 2026
Psalms 65:1
10 Янв 2026
1 Thessalonians 5:23
9 Янв 2026
Psalms 60:4
8 Янв 2026
Psalms 9:10
7 Янв 2026
Nehemiah 5:19