Сешанбе, 20 Январ 2026

Нури рӯзона

20 Янв 2026

Зеро ки кӯдаке барои мо таваллуд ёфт, Писаре ба мо дода шуд, ва салтанат бар дӯши Ӯ хоҳад буд, ва номи Ӯ Аҷиб, Мушовир, Худои Ҷаббор, Падари ҷовид, Мири осоиштагӣ хонда хоҳад шуд.

Ишаъё 9:6

Ва Калом ҷисм гардид ва дар миёни мо сокин шуд, пур аз файз ва ростӣ; ва мо ҷалоли Ӯро дидем, ки ҷалоли шоистаи Писари ягонаи Падар аст.

Инҷили Юҳанно 1:14

Ту шинухези маро медонӣ; андешаҳои маро аз дур мефаҳмӣ.

Забур 138:2

«Инак, бокирае ҳомила хоҳад шуд ва Писаре хоҳад зоид, ва Ӯро Имонуил хоҳанд номид, ки маънояш ин аст: Худо бо мо».

Инҷили Матто 1:23

Ва Писаре хоҳад зоид, ва ту Ӯро Исо хоҳӣ номид; зеро ки Ӯ қавми Худро аз гуноҳҳошон наҷот хоҳад дод».

Инҷили Матто 1:21

То ки ҳама Писарро эҳтиром кунанд, ончунон ки Падарро эҳтиром мекунанд. Касе ки Писарро эҳтиром накунад, Падарро, ки Фиристандаи Ӯст, эҳтиром накардааст.

Инҷили Юҳанно 5:23

Бинобар ин Худо низ Ӯро сарафроз кард ва ба Ӯ номе дод, ки аз ҳар ном болотар аст,

Нома ба Филиппиён 2:9

Болотар аз ҳар сарварӣ, ва ҳукуматдорӣ, ва қудрат, ва салтанат, ва ҳар номе ки на танҳо дар ин олам, балки дар олами оянда низ хонда мешавад, Ва ҳама чизро зери пойҳои Ӯ тобеъ намуд, ва Ӯро чун сари ҳама чиз ба Калисо дод,

Нома ба Эфсӯсиён 1:21-22

Чашмони Ӯ мисли шӯълаи оташ аст, ва бар сари Ӯ афсарҳои бисьёр; Ӯ исми навиштае дорад, ки онро, ғайр аз Худи Ӯ, ҳеҷ кас намедонад;

Ваҳй Юҳанно 19:12

Бар либос ва бар рони Ӯ навишта шудааст: «Подшоҳи подшоҳон ва Худованди худовандон».

Ваҳй Юҳанно 19:16

Қодирро мо наметавонем дарьёбем: Ӯ дар қувват ва инсоф бузург аст ва дар адолат муаззам; ситам намекунад.

Айюб 37:23

Кист, ки ба осмон сууд кард ва аз он ҷо нозил шуд? Кист, ки бодро дар мушти худ ҷамъ кард? Кист, ки обро дар пероҳан банд кард? Кист, ки тамоми ақсои заминро барқарор кард? Номи ӯ чист ва номи писари ӯ чист? Оё медонӣ?

Масалҳо 30:4

Бо зеҳни сунъӣ тарҷума шудааст, аз ҷумла иқтибосҳои Китоби Муқаддас — ҳама гуна истинодро кушоед, то онро дар Китоби Муқаддас 1992, 1999 хонед.

Барои маълумоти муффасал ба адреси электронии мо муроҷиат намоед: [email protected]

Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).

Рӯзҳои охир