Зеро писандидаи Худо ҳамин буд, ки тамоми илоҳият дар Ӯ сокин бошад,
Нома ба Қӯлассиён 1:19
Нури рӯзона
Зеро писандидаи Худо ҳамин буд, ки тамоми илоҳият дар Ӯ сокин бошад,
Нома ба Қӯлассиён 1:19
Падар Писарро дӯст медорад ва ҳама чизро ба дасти Ӯ додааст.
Инҷили Юҳанно 3:35
Бинобар ин Худо низ Ӯро сарафроз кард ва ба Ӯ номе дод, ки аз ҳар ном болотар аст, То ки ба исми Исо ҳар зонуе ки дар осмон ва бар замин ва зери замин аст, хам шавад, Ва ҳар забон зътироф намояд, ки Исои Масеҳ Худованд аст барои ҷалоли Худои Падар.
Нома ба Филиппиён 2:9-11
Болотар аз ҳар сарварӣ, ва ҳукуматдорӣ, ва қудрат, ва салтанат, ва ҳар номе ки на танҳо дар ин олам, балки дар олами оянда низ хонда мешавад,
Нома ба Эфсӯсиён 1:21
Чунки ҳама чиз дар осмон ва бар замин, ҳар чизи намоён ва нонамоён, дар Ӯ офарида шудааст: хоҳ тахтҳо, хоҳ салтанатҳо, хоҳ сарвариҳо ва хоҳ ҳукуматдориҳо, — ҳамааш ба воситаи Ӯ ва барои Ӯ ба вуҷуд оварда шудааст;
Нома ба Қӯлассиён 1:16
Зеро Масеҳ барои он мурд ва аз нав зинда шуд, ки ҳам бар мурдагон ва ҳам бар зиндагон Худованд бошад.
Нома ба Румиён 14:9
Шумо низ дар Ӯ пуррагӣ доред, ки Ӯ сари ҳар сарварӣ ва ҳукуматдорист;
Нома ба Қӯлассиён 2:10
Ва аз пуррагии Ӯ ҳамаи мо файз бар файз пайдо кардем;
Инҷили Юҳанно 1:16
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
15 Янв 2026
Psalms 119:25
14 Янв 2026
John 14:28
13 Янв 2026
Isaiah 26:3
12 Янв 2026
Jude 25
11 Янв 2026
Psalms 65:1
10 Янв 2026
1 Thessalonians 5:23
9 Янв 2026
Psalms 60:4