Ва умед шарманда намекунад, чунки муҳаббати Худо дар дилҳои мо ба воситаи Рӯҳулқудс, ки ба мо ато шуд, ҷорӣ шудааст.
Нома ба Румиён 5:5
Нури рӯзона
Ва умед шарманда намекунад, чунки муҳаббати Худо дар дилҳои мо ба воситаи Рӯҳулқудс, ки ба мо ато шуд, ҷорӣ шудааст.
Нома ба Румиён 5:5
Ва подшоҳон мураббиёни ту, ва маликаҳошон дояҳои ту хоҳанд буд; рӯй бар замин ниҳода, ба ту саҷда хоҳанд кард, ва хоки пои туро хоҳанд лесид; ва ту хоҳӣ донист, ки Ман Худованд ҳастам, ва умедворони Ман хиҷил нахоҳанд шуд».
Ишаъё 49:23
Муборак аст марде ки ба Худованд таваккал мекунад, ва Худованд пушту паноҳи ӯст;
Ирмиё 17:7
Дили боматонатро Ту дар осоиштагии комил нигоҳ медорӣ, зеро ки вай ба Ту таваккал мекунад. Ба Худованд то абад таваккал кунед, зеро ки Худованд Худо сахраи ҷовидонист.
Ишаъё 26:3-4
Ҳамин тавр Туро тамоми умри худ муборак хоҳам хонд; ба исми Ту кафҳои худро боло хоҳам кард. Ҷонам чун аз хӯроки равғанин ва лазиз сер хоҳад шуд, ва даҳонам бо лабҳои шодмон Туро мадҳ хоҳад кард.
Забур 62:5-6
For this cause I also suffer these things. Yet I am not ashamed, for I know him whom I have believed, and I am persuaded that he is able to guard that which I have committed to him against that day.
2 Timothy 1:12
Бинобар ин Худо, ки мехост тағьирнопазирии иродаи Худро ба ворисони ваъда пурратар нишон диҳад, қасамро ба кор бурд, То бо ду чизи тағьирнопазир, ки дар онҳо дурӯғ гуфтани Худо мумкин нест, барои мо, ки паноҳ ёфтаем ва ба умеде ки пешниҳод шудааст, часпидаем, тасаллои пурзӯре бошад. Он умед барои ҷон мисли лангари боэътимод ва мустаҳкам аст, ва андаруни парда дохил мешавад, Ки ба он ҷо пешгузаштаи мо — Исо дохил шуда, то абад Саркоҳин гардид ба монанди Малкисодақ.
ба Ибриён 6:17-20
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
22 Янв 2026
Psalms 48:14
21 Янв 2026
John 15:2
20 Янв 2026
Isaiah 9:6
19 Янв 2026
Acts 20:19
18 Янв 2026
Romans 5:14
17 Янв 2026
Isaiah 38:17
16 Янв 2026
Colossians 1:19