Яъне тамоми гӯсоларо бояд ба беруни ӯрдугоҳ, ба макони пок, ки он ҷо хокистарро мерезанд, бибарад, ва онро бар ҳезум дар оташ бисӯзонад; дар маконе ки хокистарро мерезанд, бигзор сӯзонида шавад.
Ибодат 4:12
Нури рӯзона
Яъне тамоми гӯсоларо бояд ба беруни ӯрдугоҳ, ба макони пок, ки он ҷо хокистарро мерезанд, бибарад, ва онро бар ҳезум дар оташ бисӯзонад; дар маконе ки хокистарро мерезанд, бигзор сӯзонида шавад.
Ибодат 4:12
Ниҳоят, Ӯро ба дасти онҳо супурд, то ки маслуб кунанд. Ва онҳо Исоро гирифта бурданд.
Инҷили Юҳанно 19:16
Дар он ҷо Ӯро маслуб карданд ва бо Ӯ ду каси дигарро: яке аз ин тарафаш ва дигаре аз он тарафаш, ва Исо дар миёна.
Инҷили Юҳанно 19:18
Ҷасади ҳайвоноте ки хунашонро саркоҳин барои кафорати гуноҳ ба қудс меоварад, берун аз бошишгоҳ сӯзонида мешавад, — Бинобар ин Исо низ, барои он ки одамонро бо Хуни Худ тақдис намояд, берун аз дарвоза уқубат кашид. Пас, хории Ӯро бардошта, берун аз бошишгоҳ сӯи Ӯ бароем;
ба Ибриён 13:11-13
То ки Ӯро, ва қуввати эҳьёи Ӯро, ва ширкати уқубатҳои Ӯро дарк намоям ва дар мамоти Ӯ ба Ӯ монанд шавам,
Нома ба Филиппиён 3:10
Балки, модоме ки шумо дар уқубатҳои Масеҳ иштирок доред, шодӣ кунед, то ки дар вақти зуҳури ҷалоли Ӯ низ ба ваҷд оед ва хурсандӣ кунед.
1 Петрус 4:13
Зеро уқубати сабуки мо, ки кӯтоҳмуддат аст, ҷалоли абадиро барои мо ба андозаи бениҳоят бузург ба вуҷуд меоварад,
2 ба Қӯринтиён 4:17
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
16 Фев 2026
Song of Solomon 1:3
15 Фев 2026
Proverbs 20:9
14 Фев 2026
Matthew 3:15
13 Фев 2026
Ezekiel 1:26
12 Фев 2026
Malachi 3:17
11 Фев 2026
Malachi 3:16
10 Фев 2026
Luke 11:34