Барои ман сабаби тарсу ҳарос набош; Ту дар рӯзи мусибат паноҳгоҳи ман ҳастӣ.
Ирмиё 17:17
Нури рӯзона
Барои ман сабаби тарсу ҳарос набош; Ту дар рӯзи мусибат паноҳгоҳи ман ҳастӣ.
Ирмиё 17:17
Қурбониҳои адолатро тақдим намоед, ва ба Худованд таваккал кунед.
Забур 4:6
But I will sing of your strength. Yes, I will sing aloud of your loving kindness in the morning. For you have been my high tower, a refuge in the day of my distress.
Psalms 59:16
Рӯҳи худро ба дасти Ту месупорам; Ту, эй Худованд, эй Худои ростӣ, маро раҳоӣ додаӣ.
Забур 30:6
Ба эҳсони Ту шодӣ ва хурсандӣ мекунам, чунки мусибати маро дидаӣ, ғуссаҳои ҷонамро донистаӣ, Ва маро ба дасти душман насупурдаӣ, пойҳоямро дар вусъатобод истонидаӣ. Ба ман марҳамат намо, эй Худованд, зеро ки ба танг омадаам; чашмам аз кулфат хаста шудааст, ҷонам ва ҷисмам низ.
Забур 30:8-10
Ба андак муддате Ман туро тарк кардаам, ва бо марҳамати бузурге туро фароҳам хоҳам овард. Дар оташи ғазаб рӯи Худро як лаҳза аз ту пинҳон доштаам, ва бо эҳсони абадӣ ба ту раҳм хоҳам кард, — мегӯяд Худованди Раҳокунандаи ту.
Ишаъё 54:7-8
Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: шумо гирья ва нола хоҳед кард, лекин ҷаҳон шод хоҳад шуд; шумо ғамгин хоҳед шуд, лекин ғами шумо ба шодӣ мубаддал хоҳад шуд.
Инҷили Юҳанно 16:20
Маро аз доме ки барои ман пинҳон кардаанд, берун ор, зеро ки Ту истеҳкоми ман ҳастӣ.
Забур 30:5
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
17 Фев 2026
Leviticus 4:12
16 Фев 2026
Song of Solomon 1:3
15 Фев 2026
Proverbs 20:9
14 Фев 2026
Matthew 3:15
13 Фев 2026
Ezekiel 1:26
12 Фев 2026
Malachi 3:17
11 Фев 2026
Malachi 3:16