Ва намуди Он Нишинанда монанди санги яшм ва ақиқ буд, ва рангинкамоне гирдогирди тахт, ва намуди он монанди зумуррад.
Ваҳй Юҳанно 4:3
Нури рӯзона
Ва намуди Он Нишинанда монанди санги яшм ва ақиқ буд, ва рангинкамоне гирдогирди тахт, ва намуди он монанди зумуррад.
Ваҳй Юҳанно 4:3
Ва Худо гуфт: «Ин аст аломати аҳде ки Ман мебандам дар миёни Худам ва шумо ва ҳар ҷони зиндае ки бо шумо бошад, аз насл ба насл то абад: Рангинкамони Худро дар абр мегузорам, то ки аломати аҳди байни Ман ва замин бошад.
Ҳастӣ 9:12-13
Ва чун рангинкамон дар абр бошад, Ман онро дида, он аҳди ҷовидониро, ки дар миёни Худо ва ҳар ҷони зиндаи ҳар махлуқи рӯи замин аст, ба ёд меоварам».
Ҳастӣ 9:16
Оё хонаи ман бо Худо чунин нест? Ӯ, охир, аҳди ҷовидонӣ бо ман бастааст, ки он аз ҳар ҷиҳат мураттаб ва мустаҳкам аст. Пас, оё тамоми наҷоти маро, ва тамоми муроди маро Ӯ ба вуҷуд намеоварад?
2 Подшоҳон 23:5
То бо ду чизи тағьирнопазир, ки дар онҳо дурӯғ гуфтани Худо мумкин нест, барои мо, ки паноҳ ёфтаем ва ба умеде ки пешниҳод шудааст, часпидаем, тасаллои пурзӯре бошад.
ба Ибриён 6:18
Мо ба шумо башорат медиҳем, ки Худо ваъдаеро, ки ба падарони мо дода буд, барои мо, фарзандони онҳо, ба иҷро расонда, Исоро эҳьё кард, Чунон ки дар таронаи дуюми Забур навишта шудааст: „Ту Писари Ман ҳастӣ, Ман имрӯз Падари Ту шудаам“.
Аъмоли Ҳаввориён 13:32-33
Исои Масеҳ дирӯз ва имрӯз ва то абад айни ҳамон аст.
ба Ибриён 13:8
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
25 Фев 2026
James 4:7
24 Фев 2026
Ezekiel 36:37
23 Фев 2026
Hebrews 12:24
22 Фев 2026
Psalms 25:12
21 Фев 2026
Leviticus 20:8
20 Фев 2026
Isaiah 53:11
19 Фев 2026
Proverbs 2:6