Сешанбе, 24 Феврал 2026

Нури рӯзона

24 Фев 2026

Вале ӯ ба вай гуфт: «Ту мисли яке аз сифлагон сухан меронӣ; наход ки некиро аз Худо қабул кунему бадиро қабул накунем?» Дар ҳамаи ин Айюб бо лабҳои худ хатое накард.

Айюб 2:10

Yahweh, I know that your judgments are righteous, that in faithfulness you have afflicted me.

Psalms 119:75

Ва акнун, эй Худованд, Ту Падари мо ҳастӣ; мо гил ҳастем, ва Ту — кӯзагари мо, ва ҳамаамон амали дастҳои Ту мебошем.

Ишаъё 64:8

Ва Самуил ҳамаи суханонро ба ӯ баён намуд, ва аз ӯ пинҳон надошт. Ва ӯ гуфт: «Ӯ Худованд аст, ва он чи дар назараш писанд ояд, ба амал хоҳад овард».

1 Подшоҳон 3:18

Ту, эй Худованд, одил хоҳӣ баромад, агар ман бо Ту мубоҳиса намоям, аммо бо Ту дар бораи доварӣ сухан хоҳам ронд: чаро роҳи шарирон муваффақиятнок аст, ва ҳамаи хоинон некрӯзанд?

Ирмиё 12:1

Ва ҳамчун гудозанда ва тозакунандаи нуқра нишаста, банӣ‐Левиро тоза хоҳад кард, ва онҳоро мисли тилло ва нуқра гудохта, беғаш хоҳад гардонид, то ки ҳадияро барои Худованд аз сидқи дил пешкаш намоянд.

Малокӣ 3:3

Зеро ки Худованд ҳар киро дӯст дорад, ҷазо медидиҳад; ҳар писари писандидаи Худро мезанад».

ба Ибриён 12:6

Басанда аст, ки шогирд чун муаллими худ бошад, ва ғулом чун оғои худ бошад. Агар соҳиби хонаро Баал‐Забул номида бошанд, аҳли хонаи вайро чӣ қадар зиёдтар хоҳанд номид.

Инҷили Матто 10:25

Ва агарчи Писар буд, ба василаи уқубатҳо ба итоат омӯхта шуд,

ба Ибриён 5:8

Балки, модоме ки шумо дар уқубатҳои Масеҳ иштирок доред, шодӣ кунед, то ки дар вақти зуҳури ҷалоли Ӯ низ ба ваҷд оед ва хурсандӣ кунед.

1 Петрус 4:13

Ба ӯ гуфтам: «Эй оғо, ту медонӣ». Ва ӯ ба ман гуфт: «Инҳо касоне ҳастанд, ки аз азоби азим омадаанд; инҳо либосҳои худро шуста, бо хуни Барра сафед кардаанд;

Ваҳй Юҳанно 7:14

Бо зеҳни сунъӣ тарҷума шудааст, аз ҷумла иқтибосҳои Китоби Муқаддас — ҳама гуна истинодро кушоед, то онро дар Китоби Муқаддас 1992, 1999 хонед.

Барои маълумоти муффасал ба адреси электронии мо муроҷиат намоед: [email protected]

Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).

Рӯзҳои охир