Ӯ аз заҳмати ҷони Худ самар дида, қонеъ хоҳад шуд; Бандаи Одили Ман бо дониши Худ мардуми бисьёреро сафед хоҳад кард, ва гуноҳҳои онҳоро бар дӯши Худ хоҳад бардошт.
Ишаъё 53:11
Нури рӯзона
Ӯ аз заҳмати ҷони Худ самар дида, қонеъ хоҳад шуд; Бандаи Одили Ман бо дониши Худ мардуми бисьёреро сафед хоҳад кард, ва гуноҳҳои онҳоро бар дӯши Худ хоҳад бардошт.
Ишаъё 53:11
Чун Исо сиркоро чашид, гуфт: «Иҷро шуд!» Ва сар фурӯ оварда, ҷон дод.
Инҷили Юҳанно 19:30
Зеро Ӯро, ки аз гуноҳ бехабар буд, барои мо қурбони гуноҳ сохт, то ки мо дар Ӯ адолати Худо шавем.
2 ба Қӯринтиён 5:21
Ки ин қавмро Ман барои Худ ба миён овардаам, то ҳамду санои Маро бихонанд.
Ишаъё 43:21
То ки ҳоло ба воситаи Калисо ба сарварон ва ҳукуматдороне ки дар афлоканд, ҳикмати гуногуншакли Худо маълум гардад, Мувофиқи таъиноти азалӣ, ки онро Ӯ дар Худованди мо Исои Масеҳ ба амал овардааст,
Нома ба Эфсӯсиён 3:10-11
То ки дар асрҳои оянда сарвати беҳадди файзи Худро дар меҳрубоние ки ба мо дар Исои Масеҳ дорад, зоҳир намояд.
Нома ба Эфсӯсиён 2:7
Дар Ӯ шумо низ, чун каломи ростиро, яъне башорати наҷоти худро шунидед ва ба Ӯ имон овардед, бо Рӯҳулқудси мавъуд мӯҳр зада шудаед, Ва то замоне ки мулки Худо боз харида шавад, Он гарави мероси мост барои ҳамду санои ҷалоли Ӯ.
Нома ба Эфсӯсиён 1:13-14
Лекин шумо насли баргузида, каҳонати шоҳона, халқи муқаддас, қавме ҳастед, ки мулки азизи Худо дониста шудаед, то аз камолоти Ӯ, ки шуморо аз зулмот ба рӯшноии аҷоиби Худ даъват намудааст, нақл кунед, —
1 Петрус 2:9
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
19 Фев 2026
Proverbs 2:6
18 Фев 2026
Jeremiah 17:17
17 Фев 2026
Leviticus 4:12
16 Фев 2026
Song of Solomon 1:3
15 Фев 2026
Proverbs 20:9
14 Фев 2026
Matthew 3:15
13 Фев 2026
Ezekiel 1:26