Fight the good fight of faith. Take hold of the eternal life to which you were called, and you confessed the good confession in the sight of many witnesses.
1 Timothy 6:12
Нури рӯзона
Fight the good fight of faith. Take hold of the eternal life to which you were called, and you confessed the good confession in the sight of many witnesses.
1 Timothy 6:12
Зеро, вақте ки ба Мақдуния ҳам омадем, ҷисми мо оромӣ надошт, балки аз ҳар сӯ ба фишор дучор шудем: аз берун — ҷидолҳо, аз дарун — ҳаросҳо буд.
2 ба Қӯринтиён 7:5
Ва ӯ гуфт: «Натарс, зеро онҳое ки бо моянд, аз онҳое ки бо инҳоянд, бештаранд».
4 Подшоҳон 6:16
Ниҳоят, эй бародаронам, дар Худованд ва дар тавоноии қудрати Ӯ неруманд шавед.
Нома ба Эфсӯсиён 6:10
Худо қалъаи иқтидори ман аст, ва тариқи маро рост мекунад.
2 Подшоҳон 22:33
Дастҳои маро ба ҳарбу зарб омӯхта мекунад, ва камони мисин дар бозуҳоям мешиканад.
2 Подшоҳон 22:35
На ба он сабаб ки мо лаёқат дорем чизеро аз худ фикр кунем, ки он гӯё аз мо бошад, балки лаёқати мо аз Худост,
2 ба Қӯринтиён 3:5
Зеро ки бе сабабе барои ман доми худро дар ҳафра пинҳон кардаанд; онро бе сабаб барои ҷонам кандаанд.
Забур 34:7
Ва Элишоъ дуо хонда, гуфт: «Эй Худованд! Лутфан, чашмони варо бикшо, то ки бубинад». Ва Худованд чашмони навкарро кушод, ва ӯ дид, ва инак, кӯҳ гирдогирди Элишоъ аз аспон ва аробаҳои оташин пур буд.
4 Подшоҳон 6:17
Боз чӣ гӯям? Вақтам кифоя намекунад барои он ки дар бораи Ҷидъӯн ва Бороқ ва Шимшӯн ва Йифтоҳ ва Довуд ва Самуил ва анбиё ҳикоят намоям, Ки онҳо бо имон мамлакатҳоро мусаххар карданд, адлро ба амал оварданд, ба ваъдаҳо муваффақ шуданд, даҳони шеронро бастанд, Қуввати оташро хомӯш карданд, аз дами шамшер халосӣ ёфтанд, аз заъф боқувват шуданд, дар ҷанг қавӣ гардиданд, фавҷҳои бегонаҳоро торумор карданд;
ба Ибриён 11:32-34
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
4 Мар 2026
Colossians 3:2
3 Мар 2026
Proverbs 3:5-6
2 Мар 2026
Genesis 41:52
1 Мар 2026
Galatians 5:22
28 Фев 2026
John 3:16
27 Фев 2026
Romans 6:11
26 Фев 2026
Lamentations 3:40