Ва наздик ба соати нӯҳум Исо бо овози баланд фарьёд зада гуфт: «Элӣ, Элӣ! Ламма сабақтанӣ?» Яъне: «Худои Ман, Худои Ман! Чаро Маро тарк кардаӣ?»
Инҷили Матто 27:46
Нури рӯзона
Ва наздик ба соати нӯҳум Исо бо овози баланд фарьёд зада гуфт: «Элӣ, Элӣ! Ламма сабақтанӣ?» Яъне: «Худои Ман, Худои Ман! Чаро Маро тарк кардаӣ?»
Инҷили Матто 27:46
Ва ҳол он ки Ӯ аз ҷиноятҳои мо маҷрӯҳ, ва аз гуноҳҳои мо афсурдахотир шудааст; сазои осоиштагии мо бар Ӯст, ва ба воситаи ҷароҳатҳои Ӯ мо шифо ёфтаем. Ҳамаамон мисли гӯсфандон гумроҳ будем: ҳар яке ба роҳи худ мерафтем; ва Худованд гуноҳи ҳамаи моро ба гардани Ӯ монд.
Ишаъё 53:5-6
Ӯ аз банд ва аз доварӣ гирифта шуд, ва кист, ки бо насли Ӯ мусоҳиба намояд? Зеро ки Ӯ аз замини зиндаҳо қатъ карда шуд; барои гуноҳҳои қавми Ман ба Ӯ осеб расид.
Ишаъё 53:8
Валекин хости Худованд ин буд, ки Ӯро зарба зада, ба дардҳо гирифтор кунад; вақте ки Ӯ ҷони Худро кафорат намояд, насл дида, умраш дароз хоҳад шуд, ва хости Худованд дар дасти Ӯ муяссар хоҳад гардид.
Ишаъё 53:10
Вале нисбат ба мо низ: барои мо низ ҳисоб карда хоҳад шуд, ки имон дорем ба Он ки Худованди мо Исоро аз мурдагон эҳьё кард, Ки Ӯ ба сабаби гуноҳҳои мо таслим карда шуд ва аз барои сафед кардани мо эҳьё гардид.
Нома ба Румиён 4:24-25
Чунки Масеҳ низ, барои он ки моро сӯи Худо оварад, як бор барои гуноҳҳои мо уқубат кашид, яъне одил барои золимон ба ҳасби ҷисм кушта шуд, аммо ба ҳасби рӯҳ зинда гардид,
1 Петрус 3:18
Ӯ шахсан гуноҳҳои моро дар Бадани Худ ба дор бардошт, то ки мо аз гуноҳҳо фориғ шуда, барои адолат зиндагӣ кунем: шумо аз ҷароҳатҳои Ӯ шифо ёфтед.
1 Петрус 2:24
Зеро Ӯро, ки аз гуноҳ бехабар буд, барои мо қурбони гуноҳ сохт, то ки мо дар Ӯ адолати Худо шавем.
2 ба Қӯринтиён 5:21
Масеҳ моро аз лаънати шариат фидия дода гирифта, барои мо лаънат гардид, — зеро ки навишта шудааст: «Малъун аст ҳар касе ки ба дор овехта шудааст», —
Нома ба Ғалотиён 3:13
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
5 Мар 2026
Isaiah 38:14
4 Мар 2026
Colossians 3:2
3 Мар 2026
Proverbs 3:5-6
2 Мар 2026
Genesis 41:52
1 Мар 2026
Galatians 5:22
28 Фев 2026
John 3:16
27 Фев 2026
Romans 6:11