Душанбе, 23 Март 2026

Нури рӯзона

23 Мар 2026

Вале онҳо Ӯро нигоҳ дошта, гуфтанд: «Бо мо бимон, чунки шом наздик аст, ва рӯз ба поён мерасад». Ва Ӯ ворид шуда, бо онҳо монд.

Инҷили Луқо 24:29

Инак, назди дар истода, тақ‐тақ мекунам: агар касе овози Маро шунида, дарро воз кунад, назди ӯ даромада, бо ӯ таоми шом хоҳам хӯрд, ва ӯ бо Ман.

Ваҳй Юҳанно 3:20

Эй он ки ҷонам туро дӯст медорад! Ба ман бигӯй, ки дар куҷо мечаронӣ? Пешингоҳон рамаро куҷо мехобонӣ? Чаро назди рамаҳои рафиқони ту мисли зани гумроҳе бошам?

Суруди Сурудҳо 1:7

Навакак аз пеши онҳо гузашта будам, ки ӯро, ки ҷонам дӯст медорад, ёфтам; ӯро дошта гирифтам, ва ӯро сар надодам, то вақте ки ӯро ба ҳавлии модари худ ва ба ҳуҷраи волидаи худ овардам.

Суруди Сурудҳо 3:4

Эй боди шимолӣ, бархез! В‐эй боди ҷанубӣ, биё! Бар боғи ман биваз, то ки атрҳояш паҳн шавад, маҳбуби ман ба боғи худ биёяд ва меваҳои хуштаъми худро бихӯрад.

Суруди Сурудҳо 4:16

Ба таври ниҳонӣ, дар макони тираи замин сухан нарондаам; ба насли Яъқуб нагуфтаам: „Маро беҳуда биҷӯед“; Ман Худованди ҳақгӯй ҳастам, ки чизҳои ростро баён мекунам.

Ишаъё 45:19

Ва онҳоро таълим диҳед, то ҳар он чиро, ки ба шумо фармодам, ба ҷо оваранд; ва инак, Ман ҳаррӯза то охирзамон бо шумо ҳастам». Омин.

Инҷили Матто 28:20

Хулқатон аз зарпарастӣ дур бошад, ва бо он чи доред, қаноат кунед. Зеро ки Худи Ӯ гуфтааст: «Туро тарк нахоҳам кард ва туро нахоҳам партофт»,

ба Ибриён 13:5

Зеро дар ҷое ки ду ё се кас ба исми Ман ҷамъ шаванд, Ман дар миёни онҳо ҳастам».

Инҷили Матто 18:20

Пас аз андак муддате ҷаҳон дигар Маро нахоҳад дид; лекин шумо Маро хоҳед дид, ва азбаски Ман зиндаам, шумо низ хоҳед зист.

Инҷили Юҳанно 14:19

Бо зеҳни сунъӣ тарҷума шудааст, аз ҷумла иқтибосҳои Китоби Муқаддас — ҳама гуна истинодро кушоед, то онро дар Китоби Муқаддас 1992, 1999 хонед.

Барои маълумоти муффасал ба адреси электронии мо муроҷиат намоед: [email protected]

Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).

Рӯзҳои охир