Ва оё ту барои худ чизҳои бузург талаб мекунӣ? Талаб накун; зеро инак, Ман бар тамоми башар мусибат хоҳам овард, — мегӯяд Худованд, — вале ҷони туро дар ҳар маконе ки биравӣ, барои ту ғанимат хоҳам гузошт».
Ирмиё 45:5
Нури рӯзона
Ва оё ту барои худ чизҳои бузург талаб мекунӣ? Талаб накун; зеро инак, Ман бар тамоми башар мусибат хоҳам овард, — мегӯяд Худованд, — вале ҷони туро дар ҳар маконе ки биравӣ, барои ту ғанимат хоҳам гузошт».
Ирмиё 45:5
Юғи Маро ба гардани худ гиред ва аз Ман таълим ёбед, зеро ки Ман ҳалим ва фурӯтан ҳастам, ва ҷонҳои шумо оромӣ хоҳад ёфт;
Инҷили Матто 11:29
Зеро дар шумо низ бояд айни ҳамон ҳиссиёт бошад, ки дар Исои Масеҳ буд, Ки Ӯ, бо вуҷуди он ки дар сурати Худо буд, бо Худо баробар буданро ҳарисона барои Худ нигоҳ надошт. Балки Худро кам дониста, ба сурати ғулом даромад ва ба одамон монандӣ пайдо карда, ба зоҳир мисли одамизод шуд, Ва Худро фурӯтан сохта, то вақти мамот, то дами мавти салиб фармонбардор буд.
Нома ба Филиппиён 2:5-8
Ва ҳар кӣ салиби худро намебардорад ва маро пайравӣ намекунад, лоиқи Ман нест.
Инҷили Матто 10:38
Зеро ки шумо барои ҳамин даъват карда шудаед, чунки Масеҳ низ барои шумо уқубат кашида, ба шумо намунаи ибрат боқӣ гузошт, то ки аз паи Ӯ равона шавед:
1 Петрус 2:21
But godliness with contentment is great gain. For we brought nothing into the world, and we certainly can’t carry anything out. But having food and clothing, we will be content with that.
1 Timothy 6:6-8
На ин ки ба сабаби мӯҳтоҷӣ мегуфта бошам; зеро ман ёд гирифтаам, ки бо он чи дорам, қаноат намоям:
Нома ба Филиппиён 4:11
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
14 Апр 2026
Psalms 63:5-6
13 Апр 2026
Proverbs 3:9
12 Апр 2026
Romans 8:3
11 Апр 2026
Proverbs 10:19
10 Апр 2026
Song of Solomon 1:5
9 Апр 2026
Isaiah 43:1
8 Апр 2026
1 Corinthians 1:5