Шаб гузашту рӯз наздик омад: пас, биёед, аъмоли зулмотро як сӯ монему аслиҳаи нурро дар бар кунем.
Нома ба Румиён 13:12
Нури рӯзона
Шаб гузашту рӯз наздик омад: пас, биёед, аъмоли зулмотро як сӯ монему аслиҳаи нурро дар бар кунем.
Нома ба Румиён 13:12
Балки Худованди мо Исои Масеҳро дар бар кунед ва дар бораи ҳавасҳои шаҳвонии ҷисм ғамхорӣ нанамоед.
Нома ба Румиён 13:14
Ва ҳанӯз ҳамаашро ба ҳотири афзалияти дониши Худованди ман Исои Масеҳ нуқсон медонам, ки барои Ӯ ман аз ҳамааш даст кашидам ва ҳамаашро ахлот медонам, то ки Масеҳро пайдо кунам Ва дар Ӯ пайдо шавам, на бо адолати худ, ки аз шариат аст, балки бо он чи ба воситаи имон ба Масеҳ аст, яъне бо адолате ки аз Худо бар ҳасби имон аст,
Нома ба Филиппиён 3:8-9
Адолати Худо ба воситаи имон ба Исои Масеҳ барои ҳамаи имондорон; зеро ки ҳеҷ тафовуте нест,
Нома ба Румиён 3:22
Дар Худованд шодии бисьёр мекунам, ва ҷони ман дар Худои ман ба ваҷд меояд, зеро ки Ӯ маро либоси наҷот пӯшонидааст, ва ҷомаи адолат бар дӯшам гузоштааст, чунон ки домод афсарро мисли коҳине бар сари худ мениҳад. ва чунон ки арӯс худро бо зеварҳо оро медиҳад.
Ишаъё 61:10
Ғалла дар замин то ба қуллаи кӯҳхо фаровон хоҳад шуд; ҳосили он мисли Лубнон шуввас хоҳад зад, ва мардуми шаҳр мисли алафи замин афзоиш хоҳанд ёфт.
Забур 71:16
Зеро ки шумо як вақте зулмот будед, вале ҳоло нуре дар Худованд ҳастед: чун фарзандони нур рафтор кунед,
Нома ба Эфсӯсиён 5:8
Ва дар аъмоли бесамари зулмот иштирок накунед, балки онҳоро фош намоед.
Нома ба Эфсӯсиён 5:11
Аммо ҳамаи ин фош гардида, дар рӯшноӣ зоҳир мешавад, зеро ҳар он чи зоҳир мешавад, нур аст; Бинобар ин гуфта шудааст: «Эй ту, ки ҳоб рафтаӣ, бархез ва аз мурдагон эҳьё шав, ва Масеҳ бар ту нур хоҳад пошид». Пас, бодиққат назар кунед, ки чӣ гуна рафтор менамоед, на чун бехирадон, балки чун хирадмандон,
Нома ба Эфсӯсиён 5:13-15
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
3 Июн 2026
Matthew 25:13
2 Июн 2026
Exodus 12:11
1 Июн 2026
Galatians 5:22
31 Май 2026
Genesis 32:28
30 Май 2026
Hebrews 4:11
29 Май 2026
Leviticus 17:11
28 Май 2026
Philippians 3:20