Ҳар рӯз суханонамро таҳриф мекунанд; ҳамаи андешаҳошон нисбат ба ман барои бадист.
Забур 55:6
Нури рӯзона
Ҳар рӯз суханонамро таҳриф мекунанд; ҳамаи андешаҳошон нисбат ба ман барои бадист.
Забур 55:6
Вақте ки офтоб баромад, Худо боди шарқии тафсоне вазонид, ва офтоб сари Юнусро зад, ва ӯ беҳол шуд ва ба худ марг талабида, гуфт: «Мурданам аз зистанам беҳтар аст».
Юнус 4:8
Ва Айюб нидо карда, гуфт:
Айюб 3:2
Чаро рӯшноӣ ба сиёҳбахт дода мешавад, ва зиндагӣ ба касони талхком, Ки онҳо ба марг интизорӣ мебаранд, ва он намеояд, ва онро бештар аз ганҷ ҷустуҷӯ менамоянд,
Айюб 3:20-21
То онҳое ки ноҳақ ба ман адоват доранд, бар ман шодкомӣ наёбанд, онҳое ки бесабаб аз ман нафрат доранд, ба ҳамдигар чашмакӣ назананд;
Забур 34:19
Алҳол ҷони Ман дар изтироб аст; чӣ бигӯям? Эй Падар! Маро аз ин соат раҳо намо! Аммо маҳз барои ҳамин соат Ман омадаам.
Инҷили Юҳанно 12:27
Бинобар ин Ӯ мебоист аз ҳар ҷиҳат ба бародарони Худ монанд мешуд, то ки Саркоҳини раҳим ва амине ба ҳузури Худо бошад, барои он ки гуноҳҳои қавмро кафорат кунад, Зеро, чӣ тавре ки Худи Ӯ аз озмоиш гузашта, уқубат кашидааст, ба озмудашавандагон низ метавонад мадад расонад.
ба Ибриён 2:17-18
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
28 Май 2026
Philippians 3:20
27 Май 2026
Nahum 1:7
26 Май 2026
Hebrews 13:20
25 Май 2026
Psalms 31:19
24 Май 2026
Ephesians 4:30
23 Май 2026
Exodus 28:12
22 Май 2026
John 14:27