Ва Ман медонистам, ки ҳамеша сухани Маро мешунавӣ; лекин барои мардуме ки дар ин ҷо истодаанд, гуфтам, то имон оваранд, ки Ту Маро фиристодаӣ».
Инҷили Юҳанно 11:42
Нури рӯзона
Ва Ман медонистам, ки ҳамеша сухани Маро мешунавӣ; лекин барои мардуме ки дар ин ҷо истодаанд, гуфтам, то имон оваранд, ки Ту Маро фиристодаӣ».
Инҷили Юҳанно 11:42
Пас сангро аз он ҷое ки мурда гузошта шуда буд, бардоштанд. Исо чашмони Худро сӯи осмон боло карда, гуфт: «Эй Падар! Туро шукр мекунам, ки сухани Маро шунидӣ;
Инҷили Юҳанно 11:41
Эй Падар! Исми Худро ҷалол деҳ». Дарҳол садое аз осмон даррасид: «Ҷалол додаам ва боз ҷалол ҳоҳам дод».
Инҷили Юҳанно 12:28
Он гоҳ гуфтам: „Инак, меоям, — чунон ки дар тӯмори китоб дар бораи Ман навишта шудааст, — то ки иродаи Туро, эй Худо, ба ҷо оварам“».
ба Ибриён 10:7
«Эй Падар! Агар бихоҳӣ, ин косаро аз Ман бигзарон; лекин на иродаи Ман, балки иродаи Ту бигзор ба амал ояд».
Инҷили Луқо 22:42
Муҳаббат дар мо чунон ба камол расидааст, ки мо дар рӯзи доварӣ ҷуръат дорем, зеро, чунон ки Ӯ дар ин ҷаҳон ҳаст, ончунон мо ҳастем.
1 Юҳанно 4:17
Ва ҷуръате ки мо ба ҳузури Ӯ дорем, дар он аст, ки агар мо мувофиқи иродаи Ӯ чизеро талаб кунем, Ӯ моро мешунавад;
1 Юҳанно 5:14
Ва ҳар чӣ талаб кунем, аз Ӯ меёбем, чунки аҳкоми Ӯро риоят мекунем ва он чи ба ҳузури Ӯ мақбул аст, ба амал меоварем.
1 Юҳанно 3:22
Аммо бе имон ба назари Худо писанд омадан мумкин нест; зеро ҳар кӣ сӯи Худо меояд, бояд имон дошта бошад, ки Ӯ ҳаст, ва ба толибони Худ мукофот хоҳад дод.
ба Ибриён 11:6
Ва ба ин сабаб низ метавонад доимо онҳоеро, ки ба василаи Ӯ сӯи Худо меоянд, наҷот диҳад, зеро ҳамеша зинда аст, то ки барои онҳо шафоат кунад.
ба Ибриён 7:25
Эй фарзандонам! Инро ба шумо менависам, то ки шумо гуноҳ накунед; ва агар касе гуноҳ кунад, мо ба ҳузури Падар Шафоатгаре дорем, ки Исои Масеҳи Одил аст.
1 Юҳанно 2:1
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
29 Май 2026
Leviticus 17:11
28 Май 2026
Philippians 3:20
27 Май 2026
Nahum 1:7
26 Май 2026
Hebrews 13:20
25 Май 2026
Psalms 31:19
24 Май 2026
Ephesians 4:30
23 Май 2026
Exodus 28:12