Consider my affliction and my travail. Forgive all my sins.
Psalms 25:18
Нури рӯзона
Consider my affliction and my travail. Forgive all my sins.
Psalms 25:18
«Биёед исбот намоем, — мегӯяд Худованд, — агар гуноҳҳои шумо мисли қирмиз бошад, мисли барф сафед хоҳад шуд; агар мисли арғувон сурх бошад, мисли пашм хоҳад шуд.
Ишаъё 1:18
Ва инак, мафлуҷеро, ки бар бистар хобида буд, назди Ӯ оварданд. Чун Исо имони онхоро дид, ба мафлуҷ гуфт: «Далер бош, эй фарзанд! Гуноҳҳои ту омурзида шуд».
Инҷили Матто 9:2
Ман, Ман ҳамонам, ки гуноҳҳои туро ба хотири Худам маҳв менамоям, ва хатоҳои туро ба ёд нахоҳам овард.
Ишаъё 43:25
Лекин то бидонед, ки Писари Одам дар рӯи замин қудрати омурзидани гуноҳҳоро дорад», — он гоҳ ба мафлуҷ гуфт: «Бархез, бистари худро бардор ва ба хонаи худ равона шав».
Инҷили Матто 9:6
Дар Ӯ мо бо Хуни Ӯ фидияе ва омурзиши гуноҳҳоро бар ҳасби сарвати файзи Ӯ пайдо кардаем,
Нома ба Эфсӯсиён 1:7
Ӯ моро на бар тибқи аъмоли одилонае ки мо мекардем, балки ба ҳасби марҳамати Худ наҷот дод, ба василаи ғусли таваллуди дубора ва таҷдиде ки аз Рӯҳулқудс аст. Онро бар мо ба воситаи Исои Масеҳи Наҷотдиҳандаи мо ба фаровонӣ бирехт,
Нома ба Титус 3:5-6
Ва шуморо, ки дар гуноҳҳо ва дар номахтунии ҷисми худ мурда будед, бо Ӯ зинда карда, ҳамаи гуноҳҳотонро омурзид. Ва он дастнависро, ки бо фароизаш моро маҳкум менамуд ва бар зидди мо буд, Ӯ хат зада, аз миён бардошт ва бар салиб мехкӯб кард,
Нома ба Қӯлассиён 2:13-14
Нурро мисли ридое дар бар мекунӣ, осмонро мисли саропардае паҳн менамоӣ. Кӯшкҳои фалакии Худро бар обҳо месозӣ, абрҳоро аробаи Худ мегардонӣ, ки он бар болҳои бод ҳаракат мекунад.
Забур 103:2-3
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
6 Июн 2026
Zephaniah 3:17
5 Июн 2026
Luke 17:10
4 Июн 2026
Haggai 2:9
3 Июн 2026
Matthew 25:13
2 Июн 2026
Exodus 12:11
1 Июн 2026
Galatians 5:22
31 Май 2026
Genesis 32:28