Исо дарҳол бар тибқи рӯҳи Худ дарьёфт, ки онҳо чунин андеша доранд, ва ба онҳо гуфт: «Барои чӣ дар дили худ ин тавр андеша доред?
Инҷили Марқӯс 2:8
Нури рӯзона
Исо дарҳол бар тибқи рӯҳи Худ дарьёфт, ки онҳо чунин андеша доранд, ва ба онҳо гуфт: «Барои чӣ дар дили худ ин тавр андеша доред?
Инҷили Марқӯс 2:8
Ва имонаш суст нашуд, ва ба он ҳам назар накард, ки ҷисми ӯ, дар синни қариб садсолагӣ, аллакай пир шудааст, ва батни Соро низ аз кор баромадааст; Ва ба ваъдаи Худо аз беимонӣ шубҳа накард, балки дар имонаш устувор истода, Худоро ҳамду сано хонд,
Нома ба Румиён 4:19-20
Кадомаш осонтар аст: ба мафлуҷ гуфтани он ки „гуноҳҳои ту омурзида шуд“, ё гуфтани он ки „бархез, бистари худро бардор ва равона шав“?
Инҷили Марқӯс 2:9
Исо ба вай гуфт: «Агар имон оварда тавонӣ, барои имондор ҳама чиз имконпазир аст».
Инҷили Марқӯс 9:23
Ва Исо наздик омада, ба онҳо гуфт: «Ба Ман тамоми қудрат дар осмон ва бар замин дода шудааст:
Инҷили Матто 28:18
Ба мурғони ҳаво нигоҳ кунед, ки на мекоранд ва на медараванд ва на дар анборҳо захира мекунанд; ва Падари шумо, ки дар осмон аст, ба онҳо рӯзӣ мерасонад. Оё шумо аз онҳо хеле беҳтар нестед?
Инҷили Матто 6:26
Исо инро дарьёфта, ба онҳо гуфт: «Эй сустимонҳо, чаро дар дили худ андеша мекунед, ки нон нагирифтаед? Оё ҳанӯз намефаҳмед ва дар хотир надоред он панҷ нон ва панҷ ҳазор нафар ва чанд сабадро, ки пур карда бардоштед?
Инҷили Матто 16:8-9
Ва Худои ман ҳар эҳтиёҷи шуморо ба ҳасби сарвати ҷалоли Худ дар Исои Масеҳ пур хоҳад кард.
Нома ба Филиппиён 4:19
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
7 Июн 2026
Luke 18:1
6 Июн 2026
Zephaniah 3:17
5 Июн 2026
Luke 17:10
4 Июн 2026
Haggai 2:9
3 Июн 2026
Matthew 25:13
2 Июн 2026
Exodus 12:11
1 Июн 2026
Galatians 5:22