Ва инак, пардаи маъбад аз боло то поён дарида, ду пора шуд: ва замин ҷунбид; ва сангҳо шикофта шуд;
Инҷили Матто 27:51
Нури рӯзона
Ва инак, пардаи маъбад аз боло то поён дарида, ду пора шуд: ва замин ҷунбид; ва сангҳо шикофта шуд;
Инҷили Матто 27:51
Зеро ман аз Худованд чунин қабул кардам ва ба шумо низ супурдам, ки Исои Худованд дар он шабе ки Ӯро таслим карданд, нонро гирифт Ва баракат дода, пора кард ва гуфт: «Бигиред, бихӯред, ин Бадани Ман аст, ки барои шумо пора карда мешавад; инро ба ёдгории Ман ба ҷо оваред».
1 ба Қӯринтиён 11:23-24
Ман ҳастам он нони зинда, ки аз осмон нозил шуд: касе ки аз ин нон бихӯрад, то абад зинда хоҳад монд; ва ноне ки Ман ато мекунам, Бадани Ман аст, ки онро барои ҳаёти ҷаҳон мебахшам».
Инҷили Юҳанно 6:51
Исо ба онҳо гуфт: «Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: агар Бадани Писари Одамро нахӯред ва Хуни Ӯро нанӯшед, дар худ ҳаёт надоред; Ҳар кӣ Бадани Маро бихӯрад ва Хуни Маро бинӯшад, ҳаёти ҷовидонӣ дорад, ва Ман дар рӯзи вопасин вайро эҳьё хоҳам кард;
Инҷили Юҳанно 6:53-54
Ҳар кӣ Бадани Маро бихӯрад ва Хуни Маро бинӯшад, дар Ман мемонад, ва Ман дар вай; Чунон ки Падари Ҳай Маро фиристод, ва Ман ба василаи Падар зинда ҳастам, ҳамчунин касе ки Маро бихӯрад, ба василаи Ман зинда хоҳад монд;
Инҷили Юҳанно 6:56-57
Чун Исо дар дили Худ донист, ки шогирдонаш дар ин бобат шикоят мекунанд, ба онҳо гуфт: «Оё ин шуморо ба васваса меандозад? Пас агар Писари Одамро бинед, ки ба мақоми аввалааш сууд мекунад, чӣ хоҳед гуфт? Рӯҳ аст, ки ҳаёт мебахшад, лекин аз ҷисм фоидае нест; суханоне ки Ман ба шумо мегӯям, рӯҳ ва ҳаёт аст;
Инҷили Юҳанно 6:61-63
Бо роҳи нав ва зинда дохил шавем, ки онро Ӯ барои мо ба василаи пардае, яъне ҷисми Худ, аз нав кушодааст,
ба Ибриён 10:20
Пас бо дили соф ва бо имони комил, дилҳои худро ба воситаи пошидан аз виҷдони шарири мо татҳир намуда ва ҷисми худро дар оби пок ғусл дода, наздик оем,
ба Ибриён 10:22
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
20 Июл 2026
John 17:16
19 Июл 2026
Luke 1:49
18 Июл 2026
John 10:3
17 Июл 2026
Jonah 4:2
16 Июл 2026
Exodus 19:6
15 Июл 2026
Matthew 6:10
14 Июл 2026
Matthew 12:34