Зеро ки гӯш суханонро месанҷад, чунон ки ком таъми хӯрокро фарқ мекунад.
Айюб 34:3
Нури рӯзона
Зеро ки гӯш суханонро месанҷад, чунон ки ком таъми хӯрокро фарқ мекунад.
Айюб 34:3
Эй маҳбубон! Ба ҳар рӯҳ эътимод накунед, балки рӯҳҳоро имтиҳон кунед, ки оё аз Худо ҳастанд, чунки бисьёр анбиёи козиб ба сар то сари дуньё рафтаанд.
1 Юҳанно 4:1
Аз рӯи намуди зоҳирӣ доварӣ накунед, балки аз рӯи адолат доварӣ кунед».
Инҷили Юҳанно 7:24
Ба мулоҳизакорон сухан мегӯям: дар бораи он чи мегӯям, худатон мулоҳиза кунед;
1 ба Қӯринтиён 10:15
Бигзор каломи Масеҳ андаруни шумо ба фаровонӣ сокин шавад, ва якдигарро бо таронаҳои Забур, мадҳияҳо ва сурудҳои рӯҳонӣ таълим диҳед ва насиҳат кунед, ва бо файз дар дилҳои худ барои Худованд бисароед.
Нома ба Қӯлассиён 3:16
„Ҳар кӣ гӯш дорад, бишнавад, ки Рӯҳ ба калисоҳо чӣ мегӯяд“».
Ваҳй Юҳанно 2:29
Лекин одами рӯҳонӣ дар бораи ҳама чиз ҳукм мекунад, вале касе наметавонад дар бораи ӯ дуруст ҳукм кунад.
1 ба Қӯринтиён 2:15
Ва ба онҳо гуфт: «Пайхас кунед, ки чӣ мешунавед: бо кадом андоза, ки чен кунед, ба шумо чен карда шавад ва ба шумо, ки мешунавед, боз ҳам биафзояд.
Инҷили Марқӯс 4:24
Аъмоли туро медонам, ва меҳнати туро, ва сабри туро, ва ин ки ту ба шарирон наметавонӣ тоб оварӣ, ва онҳоеро, ки худро ҳавворӣ меноманд, вале чунин нестанд, имтиҳон кардаӣ ва онҳоро дурӯғгӯ ёфтаӣ;
Ваҳй Юҳанно 2:2
Дарбон дарро барои вай мекушояд, гӯсфандон ба овози вай гӯш медиҳанд, вай гӯсфандони худро ном ба ном мехонад ва берун мебарорад; Чун гӯсфандони худро баровард, пешопеши онҳо меравад; ва гӯсфандон аз ақиби вай мераванд, чунки овозашро мешиносанд; Лекин аз ақиби каси бегона намераванд, балки аз вай мегурезанд, чунки овози бегонаро намешиносанд».
Инҷили Юҳанно 10:3-5
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
14 Июл 2026
Matthew 12:34
13 Июл 2026
Song of Solomon 7:10
12 Июл 2026
Exodus 33:14
11 Июл 2026
Jeremiah 15:20
10 Июл 2026
Matthew 10:24
9 Июл 2026
Zechariah 3:4
8 Июл 2026
1 John 1:9