Сешанбе, 14 Июл 2026

Нури рӯзона

14 Июл 2026

Пир — ба Ғоюси маҳбуб, ки ӯро ман дар ростӣ дӯст медорам. Эй маҳбуб! Дуо мегӯям, ки ту саломат бошӣ ва дар ҳар чиз комьёб шавӣ, чунон ки ҷони ту комьёб аст. Зеро ки ман бағоят хурсанд шудам, вақте ки бародарон омада, дар бораи ростии ту шаҳодат доданд, чунон ки ту дар ростӣ рафтор мекунӣ. Барои ман хурсандии бештаре нест аз шунидани он ки фарзандони ман дар ростӣ рафтор мекунанд. Эй маҳбуб! Дар ҳар коре ки барои бародарон, ҳатто барои ғарибон мекунӣ, рафтори ту амин аст. Онҳо ба ҳузури калисо дар бораи муҳаббати ту шаҳодат додаанд; ва ту рафтори хубе мекунӣ, агар онҳоро гусел намоӣ, чунон ки ба ҳузури Худо шоиста аст, Зеро ки онҳо ба хотири исми Ӯ сафар кардаанд, дар ҳолате ки аз халқҳо кӯмак нагирифтаанд. Пас мо бояд чунин касонро дастгирӣ намоем, то ки дар кори ростӣ шарик шавем. Ман ба калисо навиштам, аммо Диютрифас, ки калониро дар миёни онҳо дӯст медорад, моро қабул намекунад. Бинобар ин, агар биёям, корҳоеро, ки ӯ мекунад, ҳотирнишон ҳоҳам кард: ӯ дар ҳаққи мо суханони бад ба забон меронад, ва бо ин ҳам қонеъ нашуда, худаш бародаронро қабул намекунад ва ба касоне ки мехоҳанд, монеъ мешавад ва аз калисо бадар меронад. Эй маҳбуб! Ба бадӣ тақлид накун, балки ба некӣ. Касе ки некӣ мекунад, аз Худост; ва касе ки бадӣ мекунад, Худоро надидааст. Дар бораи Димитриюс ҳама ва худи ростӣ низ ба некии ӯ шаҳодат додааст; мо ҳам шаҳодат медиҳем, ва шумо медонед, ки шаҳодати мо рост аст. Чизи бисьёре доштам, ки бинависам, валекин намехоҳам ба ту бо сиёҳӣ ва қалам бинависам, Балки умедворам, ки ба қарибӣ туро бубинам, ва даҳонакӣ гуфтугузор кунем. Осоиштагӣ бар ту бод. Дӯстон ба ту салом мерасонанд. Ба дӯстон ном ба ном салом бирасон. Омин.

3 Юҳанно 1

Кошки Ту осмонро дарронда, нузул менамудӣ! Кӯҳҳо аз ҳузури Ту гудохта мешуд,

Ишаъё 64:1

Маро, эй Худо, дар доварӣ ҳимоят намо, ва доди маро аз мардуми бераҳм бигир; аз шахси маккор ва ноинсоф маро раҳоӣ деҳ, Зеро ки Ту Худои истеҳкоми ман ҳастӣ. Чаро маро партофтаӣ? Чаро аз фишори душман малӯл шуда мегардам?

Забур 42:1-2

Бигрез, эй маҳбуби ман! Ва мисли оҳу ё барраи ғизолон бар кӯҳҳои атриёт бош.

Суруди Сурудҳо 8:14

Лекин иқоматгоҳи мо акнун дар осмон аст, ки аз он ҷо Исои Масеҳи Худовандро, ҳамчун Наҷотдиҳанда, интизор дорем,

Нома ба Филиппиён 3:20

Ва мунтазири умеди муборак ва зуҳури ҷалоли Худои азим ва Наҷотдиҳандаи мо Исои Масеҳ бошем,

Нома ба Титус 2:13

Шумо Ӯро надида дӯст медоред, ва агарчи Ӯро ҳанӯз надидаед, ба Ӯ имон меоваред ва бо шодмонии молокалом ва пур аз ҷалол шодӣ мекунед

1 Петрус 1:8

Шаҳодатдиҳандаи ин мегӯяд: «Оре, ба зудӣ меоям!» Омин. Оре, биё, эй Исои Худованд!

Ваҳй Юҳанно 22:20

Ва дар он рӯз хоҳанд гуфт: «Инак, Худои мо, ки ба Ӯ умед бастаем, ва Ӯ моро наҷот хоҳад дод! Ин аст Худованде ки ба Ӯ умед бастаем, пас дар наҷоти Ӯ шодӣ ва хурсандӣ хоҳем кард!»

Ишаъё 25:9

Бо зеҳни сунъӣ тарҷума шудааст, аз ҷумла иқтибосҳои Китоби Муқаддас — ҳама гуна истинодро кушоед, то онро дар Китоби Муқаддас 1992, 1999 хонед.

Барои маълумоти муффасал ба адреси электронии мо муроҷиат намоед: [email protected]

Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).

Рӯзҳои охир